Дар машқгоҳи таълимии «Фахробод» тамринҳои баталионӣ-тактикӣ доир шуданд

Ноябрь 30, 2021 09:43

ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар машқгоҳи таълимии «Фахробод»-и гарнизони Хатлон бо ҷалби ҷузъу томи бригадаи ҳамлаовари десантӣ ва баталиони сулҳҷӯёнаи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои баталионӣ-тактикӣ ба роҳ монда шуданд, ки ҳайати шахсии ба размоишҳо ҷалбгардида якчанд унсурҳои зиддитеррористиро амалан коркарду тарҳрезӣ намуданд, хабар доданд аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар».

Қабл аз оғози машқҳо роҳбарони машғулият маълумоти иктишофии  дастрасшударо мавриди омӯзиш қарор дода, аз рӯйи тамсила ё макет матлаби ба машқҳо пешбинигардидаро мавриди коркард қарор доданд.

Тибқи матлаби баргузории тамринҳои навбатӣ гӯё гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадаст дар биноҳои маъмурӣ мавқеъ гирифта, нақшаи амалинамоии ҳодисаҳои харобкоронаро тарҳрезӣ менамуд ва гурӯҳи дигар бо убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ мехост вазъро дар яке аз минтақаҳои масъулиятноки марзӣ ноором созад. Аз ин рӯ, бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна хавфу хатар ва зада гардонидани ҳуҷуми душманони шартӣ миёни қувваҳои сулҳхоҳ ва гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳдор муноқишаҳои мусаллаҳона сурат гирифтанд, ки дар натиҷаи он гӯё душманони эҳтимолӣ дастгиру безарар гардонида шуданд.

Ҷараёни рафти баргузории машқҳои мазкур аз ҷониби афсарони масъули Раёсати Қӯшунҳои зудамал ва ҳайати роҳбарикунандаи ҷузъу томи ин навъи қӯшун бевосита назорат карда шуда, барои боз ҳам такмилу тақвият бахшидани омодабошии ҷангии гурӯҳҳо, ҳамоҳангии дурусти баталионҳо, ҳангоми пеш бурдани амалиёт ва дигар  унсурҳои зимни машқҳо амалишаванда ба ширкаткунандагони размоишҳои баталионӣ-тактикӣ маслиҳату дастурҳои мушаххас дода мешуд.

Мақсади асосии ташкилу роҳандозӣ намудани тамринҳои навбатӣ- ин баланд бардоштани донишу маҳорати тактикии ҳайати шахсӣ ва омодагии доимии онҳо бар зидди хатару таҳдидҳои эҳтимолӣ мебошад.

Зимни ҷамъбасти машқҳои баталионӣ-тактикӣ масъулини Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар назди ҳайати иштирокчиёни он баромад намуда, ба маҳорати касбиву қобилияти ҷангӣ ва сатҳи омодагии онҳо баҳои муносиб доданд. Таъкид карда шуд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму экстремизм бояд ҳамеша пайи эҷоди роҳҳои муассири такмили касбият бошему баҳри таъмини амнияти устувор талош намоем.

Ҳамин тавр, барои хизматҳои софдилона, иштироки фаъолона дар тамринҳои баталионӣ-тактикӣ ва дастовардҳои назаррас дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ як гурӯҳ иштирокчиёни фаъоли ин тамринҳо бо ифтихорномаву сипоснома ва мактубҳои миннатдорӣ ба волидон сарфароз гардонида шуданд.

АКСҲО: Вазорати мудофиаи ҶТ

Ноябрь 30, 2021 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад