Дар мавзеи оромгоҳи Лучоб беш аз 800 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар мавзеи оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе баргузор гардид, беш аз 800 адад ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Ин тадбир дар доираи иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани Душанбе амалӣ гардид.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз 400 нафар кормандони дастгоҳи марказии Кумита, зерсохторҳои он дар пойтахт, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуда, дар сабзу хуррамгардонии мавзеи Лучоб саҳми босазо гузоштанд.
Тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сабзу хуррам гардонидани муҳити зист ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ миллионҳо бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуда, боғҳои нав бунёд мегарданд. Ин иқдоми наҷибона аз ҷониби шаҳрвандони кишвар ҳамовозӣ пайдо намуда, ҳар як нафар мехоҳад дар корҳои ободонию сабзкорӣ саҳм гузорад. Шинонидани беш аз 800 ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ дар мавзеи оромгоҳи Лучоби пойтахт дар ҳолест, ки дар ҷумҳурӣ маъракаи ниҳолшинонии мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 13 ноябри соли равон расман оғоз гардид.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд






