Дар Париж дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар шаҳри Париж вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса Жан-Батист Лемуан баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ гардида, Фаронса дар заминаи муносибатҳои наздик ва дӯстонаи ду кишвар шарики муҳим, боэътимод ва боварибахши Тоҷикистон дар Аврупо хонда шуд.
Ҷонибҳо аз натиҷаҳои пурмаҳсули боздиди расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса дар давраи аз 12-14 октябри соли 2021 ва муколамаи сатҳи олии дар доираи он анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии хешро ба манзури татбиқи зарфиятҳои иловагии таҳкиму ғанисозии равобити ҳарду кишвар таъкид доштанд.
АКС: ВКХ ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






