Дар полки таъйинотӣ ва идоракунии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 200 нафар савганди ҳарбӣ ёд намуданд

Ноябрь 9, 2021 16:39

ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи беш аз 200-нафараи наваскароне, ки зимни даъвати тирамоҳӣ ба ҳайати ҷузъу томи низомии қӯшунҳои мусаллаҳ  шомил гардиданд, пас аз омӯзиши курси кӯтоҳмуддати наваскарӣ, аз худ намудани тартибу низом ва талаботу қоидаҳои рӯзмараи хизмати ҳарбӣ дар полки таъйинотӣ ва идоракунии Вазорати мудофиа савганди ҳарбӣ ёд намуданд.

Дар ҷамъомад чун оини ҳарвақтаи низомиён нахуст байрақи ҷангии қисми низомӣ вориди майдон гардида, сипас Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ваҳдату якдилӣ ва осоиштагии миллатро дар худ таҷассум мекунад, садо дод.

Ҳайати шахсии наваскарони дар саф буда ҳар як ба назди афсарони масъули ҷузъу томҳои қисмҳои ҳарбӣ баромада, барои садоқат ба халқу ватан ва баҳри муҳофизати ҳар порча хоки марзу буми аҷдодӣ савганди ҳарбӣ ёд намуданд.

Дар ҷараёни баргузории ҳамоиш масъулин аз Вазорати мудофиа, роҳбарияти қисми низомӣ ва падару модарон наваскаронро бо ин рӯзи фаромӯшнашавандаи ҳаёташон табрик намуда, ба онҳо баҳри хизмати софдилона ба ватани азизу маҳбуб муваффақият таманно намуданд. Наваскарон дар назди ҳозирин бо аҳди ҷавонмардона иброз доштанд, ки софдилонаву содиқона ба халқу ватан хизмат намуда, дастоварду музаффарияти даврони 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизро муҳофизат менамоянд.

Ҳайати шахсии сарбозони Ротаи қаравули фахрии Полки таъминотӣ ва идоракунии Вазорати мудофиа дар доираи як самти фаъолият ва уҳдаориҳои ҳарбии хеш платс консерт ва ҳаракатҳои мавзуни низомӣ намоиш дода, ба чорабинии идонаи наваскарони қисми ҳарбӣ шукӯҳи дигаре зам карданд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
Тоҳирҷон САИД,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 9, 2021 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд