Дар Тоҷикистон машқҳои махсуси тактикии «Кобалт-2021» оғоз гардиданд

Ноябрь 17, 2021 09:01

ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 20 ноябр дар пойгоҳи ҳарбии «Фахробод»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Кобалт-2021» дар мавзӯи «Банақшагирӣ ва гузаронидани амалиёти махсус барои нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ» бо иштироки воҳидҳои таъйиноти махсуси вазоратҳои корҳои дохилӣ ва Қувваҳои зудамали фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) машқҳои махсуси тактикӣ ҷараён мегиранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Машқҳои махсуси тактикӣ бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкории байналмилалии сохторҳои қудратӣ ва низомӣ дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир роҳандозӣ гардидаанд.

Барои иштирок дар ин машқҳо ҳайати намояндагони ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва СААД ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд. Ҳамчунин воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқҳои тактикӣ фаъолона иштирок намуда, малакаю маҳорати худро такмил дода, табодули таҷриба менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки марҳилаи фаъоли машқҳои махсуси тактикӣ таҳти унвони «Кобалт-2021» 19 ноябр дар назар дошта шуда, дар тамрини мазкур роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони якчанд корпусҳои дипломатии давлатҳои аъзои СААД иштирок менамоянд.

 АКСҲО: ВКД ҶТ

Ноябрь 17, 2021 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд