Дар Туркия Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

Ноябрь 18, 2021 12:15

ДУШАНБЕ, 18.11.2021/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 17 ноябр, дар пойтахти Туркия — шаҳри Анқара Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил карда шуд. Ба ин муносибат бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ҳамоиш доир  гардид, ки дар он зиёда аз 50 нафар донишҷуёни фаъоли тоҷик аз Анқара, Истанбул, Анталия, Қуниё, Коҷаэлӣ ва дигар шаҳрҳои Туркия ширкат варзида, Рӯзи Президентро дар руҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои ватандорӣ ҷашн гирифтанд.

Дар ҳамоиш хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Туркия Манижа МАҚСУД ширкат намуд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати кишвари мо дар меҳмонхонаи «Мовенпик» («Movenpick») ҳамоиши бошукӯҳ созмон дод, ки дар он Раиси кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло  Раҳмонзода (тариқи онлайн) иштирок ва суханрони намуд. Дар суханронии худ муҳтарам Раҳмонзода Абдулло ҳамагонро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта барои ташкили чунин чорабинӣ аз сафорат ва сафири кишварамон дар Ҷумҳурии Туркия сипозгузори намуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори кишварамон Ашрафҷон Гулов, пас аз садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишро бо суханони ифтитоҳӣ оғоз намуда, меҳмонон ва донишҷуёнро бо ин рӯзи барои миллати тоҷик муҳим табрику таҳният гуфт. Инчунин сафири кишварамон оид ба дастовардҳои арзандаи Давлат ва Ҳукумати  мамлакати мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалдӣ Раҳмон сухан гуфта,  зикр кард, ки маҳз бо кӯшишу талошҳои пайвастаи  ин фарзанди фарзонаи миллат мо тоҷикон соҳиби давлати соҳибистиқлол ва дар арсаи ҷаҳонӣ ба дастовардҳои беназир ноил гардидем.

Ҳамоиши мутантанро намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз қабили «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён»», «Забони миллат –ҳастии миллат», «Уфуқҳои Истиқлол», «»Чеҳраҳои мондагор», ки дар эҳёи суннатҳои таърихию фарҳангӣ ва дар ин рӯҳия ташаккул ва такомул ёфтани худшиносии миллӣ нақши бузург доранд, ҷозибаи бештар  бахшид. Ҳамчунин садонаворҳо ва  видеороликҳо таҳти унвони «Пешвои миллат», «Эй, Пешвои мо!», «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешкаши ҳозирин гардонида шуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сухани хотимавии хеш таъкид намуд, ки бо ташаббуси сафорат рӯзҳои наздик бо донишҷуёни тоҷик, ки дар муассисаю донишгоҳҳои гуногуни Туркия таҳсил менамоянд,  мулоқоти фарогир доир  карда мешавад.

Дар фарҷоми ҳамоиши расмӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурири Тоҷикистон сафири кишварамон якҷо бо донишҷуёну меҳмонон дар буридани торти  идона  ширкат намуд.

                                                         АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 18, 2021 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд