Дар Турсунзода кишоварзи соҳибтаҷриба Зикриё Мадумаров бар ивази сафар ба ҳаҷ маркази саломатӣ бунёд намуд

Ноябрь 17, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз деҳаҳои дурдаст-деҳаи Адири Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода аз ҷониби  кишоварзи соҳибтаҷриба ва узви  хоҷагии «Боғи Сомон» Зикриё Мадумаров маркази саломатӣ ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.

Зикриё Мадумаров яке аз кишоварзони соҳибтаҷриба ва узви хоҷагии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода буда, дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ният намуд, ки ба ивази сафар ба ҳаҷ барои халқу Ватан хизмат кунад. Бо ин нияти нек оғози соли равон дар яке аз деҳаҳои дурдаст ба бунёди маркази саломатии деҳот шурӯъ намуд.

Маркази саломатӣ дорои 4 ҳуҷраи корӣ буда, барои беш аз 700 нафар сокинони деҳа пешбинӣ шудааст.

Роҳбарияти шаҳри Турсунзода дар тантанаи ифтитоҳи муассисаи тиббӣ иштирок намуда, ба Зикриё Мадумаров ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат изҳори сипос намуданд.

 АКСҲО: Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Турсунзода

Ноябрь 17, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид