Дар Вазорати меҳнат масоили тайёр намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ба Русия баррасӣ гардид

Ноябрь 25, 2021 15:54

ДУШАНБЕ, 25.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои амалӣ намудани тайёрии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, баҳодиҳии сатҳи касбият, ҷалби корфармоён дар раванди бозомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ зимни вохӯрии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шаҳноза  Нодирӣ бо раиси Комиссия оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Шӯрои Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия баррасӣ гардиданд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар».

Дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои сатҳи забондонӣ, мукаммал гардонидани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Федератсияи Русия дар раванди ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Русия ва коркарди механизми он баррасӣ гардид.

Дар вохӯрӣ сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, директори Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, директори Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират, котиби Комиссия оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Шӯрои Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия, директори ҶДММ «Кадровое агенство «Персонал – Партнер»-и шаҳри Қазон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Ҷонибҳо ҳамкории мутақобилаи соҳавии тарафайнро муҳим дониста, рушди муносибатҳои ҳамкориро дар самти муҳоҷират барои бозори меҳнат муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Ноябрь 25, 2021 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»