Доир ба раванди мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон машварат доир шуд

Ноябрь 23, 2021 11:53

ДУШАНБЕ, 23.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо ташаббуси донишгоҳ ва Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон дар мавзӯи «Раванди мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  машварат баргузор гардид,  хабар дод ба АМИТ «Ховар» сардори бахши  гурӯҳи таҳлилии таъмини бехатарии иттилоот ва кор бо сомонаҳои донишгоҳ Муҳаммад Шораҳимзода.   

Дар кори он ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, профессор Нуралӣ Шоҳиён, раиси Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Файзалӣ Раҷабов, менеҷери “Барномаҳои ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ” Саидмуъмин Камолов ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин устодони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва  меҳмонон аз Донишкадаи муҳандисӣ ва технологии шаҳри Намангони  Ҷумҳурии Узбекистон  ширкат намуданд.

Нуралӣ Шоҳиён   зикр намуд, ки машварати мазкур бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- саноатикунонии босуръати мамлакат роҳандозӣ гардид.    Яке аз самтҳои афзалиятноки саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Тоҷикистон — ин коркарди нахи пахтаи истеҳсоли ватанӣ то маҳсулоти рақобатпазири ниҳоии содиротӣ ва воридотивазкунанда, рушди соҳаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ ва дӯзандагӣ мебошад. Саноати сабук дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, барои рушду пешрафт ва некуаҳволии кишвар муҳим арзёбӣ мегардад.

Иштирокчиён оид ба рушду пешрафти соҳа ва мушкилоти ҷойдошта, омилҳои такондиҳанда ва самаранок истифода бурдани имконоти мавҷуда табодули афкор намуданд. Гуфта шуд, ки хусусияти фарқкунандаи талаботи бозори имрӯзаи саноати сабук ва натиҷаҳои пешакии тадқиқот оид ба мавқеъгирии маркетингии маснуоти нассоҷии дорои нақшу нигор дар бозорҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ки ин навъи маҳсулот  харидори зиёд пайдо намудааст.  Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои уствори рушди ин соҳа мавҷуд буда, имкони истифодаи пурраи захираҳои ашёи хом ва истеҳсоли маснуоти ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир фароҳам оварда мешавад. Саноати нассоҷӣ истеҳсолоти бисёрсамта буда, дар ҷумҳурии мо амалан 4 зинаи он вуҷуд дорад, ки инҳо   “истеҳсолоти нахҳои табиӣ дар натиҷаи коркарди аввалин”, “истеҳсолоти ресандагӣ”,  “истеҳсолоти бофандагӣ, кешбофӣ  ва маводи нобофт” ва “истеҳсолоти рангомезӣ ва дӯзандагӣ” мебошанд.

Дар идомаи кори ҳамоиш устодони Донишкадаи муҳандисӣ ва технологии шаҳри Намангони  Ҷумҳурии Узбекистон низ доир ба раванди таълиму тарбия ва  омода кардани мутахассисони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ  изҳори  назар намуда, дар оянда ба роҳ мондани ҳамкории судмандро  дар самти табодули таҷрибаи донишҷӯёни ин ихтисосҳо муҳим арзёбӣ карданд.

Дар доираи машварат иштирокчиён аз озмоишгоҳ, лоиҳаҳои эҷодӣ ва инноватсионии донишҷӯёни факултети муҳандисӣ ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ ва намоиши маҳсулоти саноатии Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай – Данғара — Син Силу – Текстил» аз наздик дидан намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» дар ноҳияи Данғара бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор рафта,  19 декабри соли 2014 ба сохтмони он расман оғоз бахшида шуд. 31 августи соли 2016 навбати аввали он  бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки имрӯзҳо фаъолияти назаррас дорад.  Ин маҷмааи муштараки Тоҷикистону Чин буда, коргоҳҳои саноатии он бо ворид намудани навтарин технология аз ширкатҳои дорои шуҳрати ҷаҳонӣ, ба мисли  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия, Швейтсария, Олмон ва Чин бунёд ёфтаанд.

                                                     Аксҳо  аз Донишгоҳи давлатии Данғара

Ноябрь 23, 2021 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад