ЭЙ СОРБОН, ОҲИСТА РОН! Дар садамаи маргбор бо айби ронандаи ширкати «Олуча Авто-7000» марди 56-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр ронандаи мошини тамғаи «Хундай Аксент» Ҳакимов Фаридун Хурсандмуродович, соли таваллудаш 27 декабри соли 1995, сокини шаҳри Ҳисор, бо сабаби баланд будани суръати ҳаракат пиёдагард Қаюмов Ҳусейн Қодирович, соли таваллудаш 1965-ро пахш намуда, ба ҳалокат мерасонад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Фаридун Ҳакимов ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Саъдии Шерозӣ ба самти кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт бо сабаби баланд будани суръати ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қаюмов Ҳусейн Қодировичро, ки аз қисмати рости роҳ ба самти чапи роҳ тавассути роҳи пиёдагузар мегузашт, пахш намудааст. Дар натиҷа, марди пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Айни ҳол нисбат ба ронанда Фаридун Ҳакимов тибқи талаботи моддаи 212-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ронанда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбат ба ҳодисаи мазкур чорабиниҳои тафтишӣ идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки 4 ноябри соли равон дар мулоқоти роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо роҳбарону масъулини ширкатҳои мусофиркашонии ҷамъиятӣ, давлативу хусусӣ, масъулини бахшу хадамоти назоратӣ дар самти роҳу нақлиёти шаҳри Душанбе зикр шуд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ яке аз мушкилоти ташвишовар он аст, ки баъзе ронандагони нақлиёти мусофиркаши таксӣ дар ҳолати сархушӣ аз воситаҳои нашъадор пушти чанбараки мошин нишаста, суръати ҳаракатро дар роҳ баланд карда, садамаи нақлиётӣ содир намудаанд, ки воқеан боиси нигаронист.
Дар ин давра аз ҷониби ронандагони нақлиёти кироякаш (таксӣ) 6 далели дар ҳолати мастӣ ва 18 далели зери таъсири воситаҳои нашъадор идора намудани воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки зимнан ҳангоми идораи воситаи нақлиёт ронандагон ҳаёти худ ва мусофиронро зери хатар гузоштаанд.
АКСҲО: РВКД дар шаҳри Душанбе








Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо Вазири давлатии Вазорати мудофиаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Вернон Коаке мулоқот намуд
Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд






