ФАВРӢ! Бар асари сӯхтор дар кони «Листвяжная» дар Русия беш аз 50 нафар ба ҳалокат расиданд
ДУШАНБЕ, 26.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари сӯхтор дар кони «Листвяжная»-и вилояти Кемеровои Русия, ки дирӯз, 25 ноябр рух дод, бино ба маълумоти пешакӣ, 52 нафар, аз ҷумла шаш наҷотбахш ҷон бохтанд. Инчунин 38 нафар дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.
Маъмурияти ноҳияи Беловский, ки кон дар он ҷо воқеъ аст, ба «Интерфакс» гуфтаанд 52 нафар қурбони вазъияти изтирорӣ шудаанд.
Сабаби тахминии фоҷеа таркиши метан гуфта мешавад. Дар ин бора муовини додситони кулли Русия Дмитрий Демешин изҳори назар кардааст.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ҳалокати 52 нафарро тасдиқ кард.
Корҳои наҷотдиҳӣ дар кони «Листвяжная» дар Кузбасс аз сар гирифта шуданд. Дар ин бора 26 ноябр дар шабакаи телевизионӣ губернатори вилояти Кемерово Сергей Сивилев хабар дод.
Ҳоло 38 нафар конканон ва 11 нафар наҷотдиҳандагон дар беморхона нигоҳ дошта мешаванд. Гуфта мешавад, ки даҳ нафар бо заҳролудшавӣ ташхис шуда, як нафар аз сараш осеб дидааст.
35 нафар конканони нопадидшуда низ ҳалокшуда эълон шуданд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии қурбониёни ҳодисаи фавқулода 52 нафарро ташкил дод.
Раҳбарони ин корхона бар асоси моддаи 217-и Кодекси ҷиноӣ – «Вайрон кардани талаботи бехатарии саноатӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардидааст», боздошт шудаанд.
Губернатор Сивилев аз 26 то 28 ноябрро рӯзҳои мотам эълон кард.
Президенти Русия Владимир Путин зимни мулоқот бо президенти Сербия Александр Вучич ин ҳодисаро фалокати бузург хонд ва таъкид кард, ки бо хонаводаҳои қурбониён ҳамдард аст. Сарвари давлат афзуд, ки ба хадамоте, ки дар наҷоти одамон ва кумак ба наздикон машғуланд, супоришҳои зарурӣ додааст.
АКС:argumentiru.com








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






