ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Узбекистон рақобат мекунанд

Ноябрь 23, 2021 10:28

ДУШАНБЕ, 23.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии  шаҳри Душанбе, соати 15:00   бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Узбекистон дар даври ҷамъбастии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни наврасони то 15-сола  баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар даври дуюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ    дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи  Тоҷикистон  бо ҳамсолонашон аз Эрон бо ҳисоби 1:1 мусовӣ бозӣ карданд.  Ба голи задаи Алӣ Раҳмоннажоди эронӣ футболбози дастаи мунтахаби наврасони  Тоҷикистон Абубакр Сулаймонов бо гол ҷавоб дод.

Бозии дигари давр миёни дастаҳои мунтахаби  наврасони Қирғизистон ва Тоҷикистон низ бо ҳисоби 2:2 мусовӣ анҷом ёфт буд. Баъд аз натиҷагирии ду даври чемпионат дастаҳои  мунтахаби  наврасони Тоҷикистон ва Эрон бо 4-холӣ пешсафанд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни наврасони то 15-сола тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

Чемпионати CAFA-2021 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-15)

Даври 1-ум

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон – 5:0
Голҳо: Абубакр Сулаймонов, 5 (1:0). Абубакр Сулаймонов, 11 (2:0). Амирхон Ҷалолов, 47 – аз пеналтӣ (3:0). Азиз Зарифӣ, 70 (4:0). Билол Бобоев, 78 (5:0).

Узбекистон – Эрон – 2:3

Даври 2-юм

Эрон – ТОҶИКИСТОН – 1:1
Голҳо: Алӣ Раҳмоннажод, 7 (1:0). Абубакр Сулаймонов, 17 – аз пеналтӣ (1:1).

Қирғизистон – Узбекистон – 2:2

 Б  Ғ  М  Б  Т-Т  Х
 1  ТОҶИКИСТОН  2  1  1  0  6-1  4
 2  Эрон  2  1  1  0  4-3  4
 3  Узбекистон  2  0  1  1  4-5  1
 4  Қирғизистон  2  0  1  1  2-7  1

Даври 3-юм
23 ноябр (сешанбе)

12:00. Эрон – Қирғизистон

15:00. ТОҶИКИСТОН – Узбекистон

АКС: ФФТ

Ноябрь 23, 2021 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд