ФУТБОЛ. Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Қазоқистон бозии дӯстона баргузор намуд

Ноябрь 17, 2021 08:11

ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз дастаи мунтахаби  Қазоқистон бо ҳисоби 1:0 мағлуб  гардид, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон. 

Ин бозии ҷолиб шаби 16 ноябр дар варзишгоҳи «Остона-Арена»-и шаҳри Нурсултон баргузор шуд. Бозӣ бо ҳуҷуми тарафҳо гузашт. Ҳарчанд тӯб бештар дар ихтиёри футболбозони тоҷик буд, лаҳзаҳои хуби голзанӣ хеле кам ба чашм расиданд. Голи ягонаро нимҳимоятгар Бахтиёр Зайнуддинов, легионери 23-солаи мизбонон, ки феълан дар дастаи   ССКА-и Москва бозӣ мекунад, дар нимаи аввали рақобат, дар дақиқаи 12-ум ба нишон расонид.

Ӯ аз иштибоҳи дарвозабони дастаи  мунтахаби Тоҷикистон Шоҳрух Қирғизбоев истифода карда, тӯбро аз дохили ҷаримагоҳ ба ҳадаф расонд. Ин бозиро ҳакамон аз Беларус бо раҳбарии Амин Кургхели доварӣ карданд.

Бозии дӯстона

Қазоқистон – Тоҷикистон – 1:0

Гол: Бахтиёр Зайнуддинов, 12.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо дастаи  мунтахаби  Қазоқистон:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду – «Истиқлол»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»);

Дифоъгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), Зоир Ҷурабоев («Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»);

Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Борнео», Индонезия), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Муҳаммадҷон Раҳимов («Ордабаси», Қазоқистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷурабоев, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама – «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хуҷанд»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Эсхата»).

Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон: Мубин Эргашев

                                                                  АКС: ФФТ

Ноябрь 17, 2021 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон муайян мегарданд
Эҳсони Панҷшанбе фаъолияти касбияшро дар Суперлигаи Узбекистон идома медиҳад
Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба сабади дуюми қуръакашӣ дохил шуд
Рустами Эмомалӣ дубора Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд