ФУТЗАЛ. Дастаи «Соро компания» барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футзал гардид

Ноябрь 9, 2021 11:15

ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Соро компания»-и шаҳри  Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футзал гардид. Ин даста дар бозии ниҳоӣ дастаи футзали «Сипар»-и  шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.   

Бозии ниҳоии дастаҳо  дар маҷмааи варзиши Кумитаи андози Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо ҳузури 1000 тамошобин  ҷолиб баргузор гардид. Ду голи Файзалӣ Сардоров, инчунин голҳои Бахтиёр Солиев ва Муҳаммад Шарипов ба дастаи  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе дар бозии ҳалкунандаи Ҷоми Тоҷикистон-2021 пирӯзӣ оварданд. Ба ин тартиб, дастаи  футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар мавсими имсола ҳамаи се мукофотро соҳиб шуд. Пеш аз Ҷоми Тоҷикистон ин даста Суперҷом ё Ҷоми олии кишвар ва Ҷоми Лигаи касбии футзалро соҳиб шуда буд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ба дастаи ғолиб ва финалисти Ҷоми Тоҷикистон-2021 инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳо тақдим гардиданд. Фирӯз Бекмуродов аз дастаи «Сипар»  беҳтарин дарвозабон, Сиёвуш Қаюмов аз дастаи «Вавилон» беҳтарин нишонзан ва Муҳаммад Шарипов аз дастаи «Соро компания»  беҳтарин бозингар дониста шуданд.

Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футзал

Финал

«Сипар» – «Соро компания» – 2:4

Голҳо: Умед Кузиев, 4 (1:0). Файзалӣ Сардоров, 8 (1:1). Рустам Ҳамидов, 22 (2:1). Бахтиёр Солиев, 28 (2:2). Муҳаммад Шарипов, 31 (2:3), Файзалӣ Сардоров, 40 (2:4).

                                                            АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 9, 2021 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) рӯзи сеюми тамринҳоро дар Давҳа ба анҷом расонид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид