ГУРДОФАРИД АЗ ЛАХШ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор

Ноябрь 19, 2021 16:04

ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 ноябр ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи байналмилалии занони соҳибкорро таҷлил менамояд.  Ин сана аз соли 2014 инҷониб  бо иқдом ва ҷонибдории  Созмони Милали Муттаҳид  дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Бори аввал Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор дар шаҳри Ню-Йорки Амрико  маҳз ба хотири  ҷалби таваҷҷуҳ ба барномаҳое, ки ба занон дар оғози  соҳибкорӣ ва тиҷораташон  кумак менамуданд, таҷлил гардида буд.

Саҳми занону бонувони  тоҷик дар рушди  соҳибкорӣ дар мамлакат назаррас буда, тибқи омори расмӣ, 32 ҳазору 200 хоҷагии деҳқониро занон ба ҳайси роҳбар идора намуда, дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат саҳми шоиста мегузоранд. Яке аз чунин бонувони меҳнатдӯст, деҳқонзани асил, сардори хоҷагии деҳқонии «Умур»-и ноҳияи Лахш Чинигул Сафарова мебошад. Ин зани меҳнатдӯст ва чашмикордон, ки шуғли дӯстдоштааш деҳқонист, наздик  ба 20 сол аст, ки ба парвариши картошка, ки дар урфият онро  «нони дуюм» ҳам меноманд, машғул аст.

«Ҳар сол аз як гектар  аз 250 то 500 сентнер  ҳосили картошка мегирам», -мегӯяд Чинигул Сафарова. Ҳосили хуб дар натиҷаи заҳмату  талош, обилаи кафи даст ва арақи ҷабин ба даст меояд. Шукрона мегӯям, ки аз меҳнати ҳалоли деҳқонӣ –картошкапарварӣ зиндагии оилаамро таъмин менамоям. Ҳосили ҷамъоваришударо  асосан ба бозорҳои ҷумҳурӣ бароварда,  бо нархи арзон мефурӯшем», — иброз медорад деҳқонзани асил. Ба андешаи  Чинигул Сафарова, иқлими ноҳияи Лахш, ки кӯҳистон аст, барои каротошкапарварӣ хеле мусоид буда, як маротиба ҳосил гирифта мешавад. «Соли равон дар майдони як гектар навъи картошкаи  «полет» кишт намудам ва барои  рӯёнидани ҳосили хуб аз нуриҳои маъдании селитра, карбамид ва метроанафос, ки 12 элементи кимиёвӣ дорад,  истифода намудам»,- гуфт деҳқонзан ва афзуд, ки аз файзу баракати  деҳқонӣ хонаи замонавӣ бунёд намудааст. Чинигул  дар радифи кишти картошка, инчунин  ба парвариши себ  машғул буда,  ҳосили хуб ба даст меорад.

Ин бонуи кӯҳистонӣ -Чинигул Сафарова 53 сол дошта, зодаи ноҳияи Лахш аст. Модари панҷ фарзанд- чаҳор духтар ва як писар буда, маълумоти олӣ дошта, ихтисосаш математик ва физик аст. Ин зани матинирода ва чусту чолок новобаста ба синну сол инчунин дорои ҳунари аспдавонист. Ӯ дар чандин мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла, мусобиқаи бузкашӣ дар ҷашни Наврӯзи водии Рашт соли 2019 иштирок намуда, ба гирифтани ҷойи якум мушарраф гардид. «Ман аз даврони  кӯдакӣ аспсаворӣ менамоям ва ҳунари аспсавориро аз падарам, ки аспсавор ва  бузкаш буд, омӯхтам. Падарам  аспҳоро барои човандозиаш аз вилояти Ҷалолободи Қирғизистон оварда буд. Аспе, ки алҳол ман онро парвариш менамоям ва дар мусобиқаҳо иштирок мекунам,  аспи зоти тоҷикӣ буда, хеле  бодпо  ва азимҷусса  аст»,-гуфт Чинигул.

-Ман ҷонибдори  соҳибмаълумот гардидани занону духтарон, хусусан духтарони минтақаҳои  дурдасти кӯҳистон мебошам. Хушбахтона, дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон духтарони дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон тавассути квотаҳои президентӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ман ҳамчун як зани зодаи кӯҳистон ҷонибдори соҳибмаълумот ва маърифатнок гардидани духтарон мебошам, зеро зани соҳибмаълумот ва бомаърифат на танҳо дар пешрафти ҷомеа нақши муассир мегузорад, балки дар тарбия ва ба камол расонидани фарзандони солеҳ ва соҳибмаълумот намудани онҳо масъулияти баланд эҳсос менамояд, афзуд Чинигул Сафарова.

Ин деҳқонзани  асил бо вуҷуди он ки бо замин сарукор дорад, инчунин ба соҳибмаърифат гардидани фарзандонаш, бахусус духтаронаш аҳамияти махсус медиҳад. Ин аст, ки ду духтараш ҳоло донишҷӯ буда, дар Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт таҳсил доранд.

«Ман на танҳо фарзандонам, балки духтарони деҳаеро, ки дар он зиндагӣ менамоям, ба таҳсил дар мактабҳои олӣ тарғиб менамоям, то онҳо соҳибмаълумот гардида, дар оянда барои рушду пешрафти  миллату давлати худ содиқона хизмат намоянд, зеро нақши  зани бомаърифат дар ташаккули ҷомеаи муосир хеле арзишманд аст.

                                                       Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар».
                                                                          Душанбе-Лахш-Душанбе 

 АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 19, 2021 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ- ЗОДРӮЗИ САРДАФТАРИ АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК САДРИДДИН АЙНӢ. Нақши устод Айнӣ дар фарҳангнигории тоҷикӣ беназир аст
Дар Душанбе китобномаи профессор Аҳмад Абдуллоев рӯнамоӣ карда шуд
«БО НИГОҲАТ РӮЗГОРАМ ОФТОБӢ МЕШАВАД!». Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб 80-сола шуд
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Омӯзиши фаъолияти касбии академик Раҳим Масов барои тарбияи насли ҷавон мактаби бузурги таълимиву тарбиявист
МУАЛЛИФИ «МАН КАЛОН МЕШАВАМ» 110-СОЛА ШУД. Ин шеъри Устод Мирсаид Миршакар чандин насли фарзандони тоҷикро дар рӯҳияи баланди муҳаббат ба Ватан ва меҳанпарастӣ тарбият намудааст
Дар Панҷакент маросими пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи олими шинохтаи тоҷик Аълохон Афсаҳзод доир гардид
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Исмоил Шафиев – марде, ки умрашро сарфи ободии Ватан кардааст
РӮЗИ ЁДБУДИ МАВЛОНО. Ҷалолиддин Балхии Румӣ ҳашт аср пеш бар зидди ифротгароӣ ва таассуби динӣ, ки толибон имрӯз дар Афғонистон паҳн мекунанд, мубориза мебурд
«АҲМАДШОҲИ МАСЪУД МИҚДОРИ ХОКЕ НЕ, БАЛКИ МАКТАБИ БУЗУРГИ ТАФАККУРИ ИНСОНИСТ!». Дар Душанбе маросими ёдбуди шаҳиди роҳи озодию сулҳи Афғонистон доир шуд
ВАҲШОНИЯТ. Толибон нисбат ба қабри Аҳмадшоҳи Масъуд дар Панҷшер таҳқир раво дидаанд
ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. Саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон дар рушди маориф
НОМ ЧУ ҶОВИД ШУД… Агар умр вафо мекард, имрӯз булбули Шарқ Аҳмад Зоҳир 75-сола мешуд