ҲХДТ ба беморхонаи клиникавии вилояти Суғд маводи дорувории зиддивирусӣ ва ниқоби муҳофизатӣ кумак намуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Президент-кафили рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум», ки 13-14 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид, аз ҷониби муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода дар якҷоягӣ бо раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ба беморхонаи клиникавии вилоят ба номи Мирсангин Қутфиддинов 2000 номгӯй маводи дорувории зиддивирусӣ ва 1000 адад ниқоби муҳофизатӣ кумак карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ.
Маводи дорувориро сардухтури беморхона Фаррух Мақсудзода бо ҳузури кормандон қабул намуда, барои ин ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хос ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуд.
Ёдовар мешавем, ки ҲХДТ тибқи самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии худ идомаи ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад. Ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини устуворӣ ва дастрасии ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ ба муолиҷаю табобат ва барқарорсозии саломатӣ равона карда мешавад. Беҳтар шудани механизми таъминот бо доруворӣ, сифат ва таъсирбахшии маҳсулоти доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ низ аз вазифаҳои авлавиятдоштаи Барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ аст.
Тақдими навбатии доруҳои зиддивирусии ҲХДТ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сурат гирифта, идомаи мантиқии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки зимни суханрониашон бо кормандони соҳаи тандурустӣ садо дода буданд.
ҲХДТ минбаъд низ гузаронидани ислоҳоти муназзам дар соҳаи тандурустӣ, беҳсозии дастрасӣ, сифат ва самарабахшии хизматрасониҳои тиббиву санитарӣ, махсусан барои аҳолии камбизоату мардуми деҳот ва таъмини иҷрои самараноки «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои кумаки тиббию санитарӣ»-ро идома хоҳад дод.
АКС: КИМ ҲХДТ