«Истиқлол», «Хатлон» ва «Хуҷанд» дар Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бозиҳои даври 23-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат дубора оғоз гардиданд. Дар рӯзи якуми сабқат дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо КМВА-и шаҳри Душанбе, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд вориди майдони рақобат шуданд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар даври мазкур дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бар дастаи футболи КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Голҳои ин вохӯрии ҷолибро Рёта Нома, Анрей Мишенко, Шервонӣ Мабатшоев ва Шарафҷон Солеҳов ба нишон расониданд.
Дар бозии дигари ин давр дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд. Голҳои рақобатро Сорбон Афғонов, Парвиз Баки-Ахунов ва Ҷаҳонгир Эргашов ба ҳадаф расониданд.
Дар бозии дигар дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан аз дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 шикаст хӯрд. Голҳои ин сабқати ҷолибро Шаҳзодҷон Маъмурҷонов, Олимҷон Каримов ва Комрон Турсунов ба нишон расониданд.
Чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 24-ум
«Истаравшан» – «Хуҷанд» – 1:2
Голҳо: Шаҳзодҷон Маъмурҷонов, 45 (1:0). Комрон Турсунов, 45+2 –пеналти (1:1). Олимҷон Каримов, 59 (1:2).
«Хатлон» – «Эсхата» – 2:1
Голҳо: Сорбон Авғонов, 7 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 35 (1:1). Парвиз Боқӣ-Охунов, 85 (2:1).
Лигаи футболи Тоҷикистон. Даври 24-ум
«Истиқлол» — КМВА — 3:1
Голҳо: Рёта Нома, 6 (1:0). Андрей Мишенко, 16 (2:0). Шервонӣ Мабатшоев, 21 аз пеналти (3:0). Шарафҷон Солеҳов, 70 (3:1).
Пас аз натиҷагирии 23 даври бозиҳо мисли пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пешсаф буда, 58 хол дар ихтиёр дорад. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 13 хол камтар (45) дар ҷои дуюм аст.
КМВА, ки холҳояш ба 36 адад расидааст, мавқеашро барои медалҳои биринҷӣ мустаҳкамтар кард.
| ҶОЙИ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 23 | 18 | 4 | 1 | 57-7 | 58 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 22 | 13 | 3 | 5 | 43-21 | 45 |
| 3 | КМВА (Душанбе) | 22 | 10 | 6 | 7 | 33-26 | 36 |
| 4 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 23 | 9 | 5 | 9 | 24-22 | 32 |
| 5 | «Хатлон»(Бохтар) | 23 | 9 | 5 | 9 | 23-27 | 32 |
| 6 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 23 | 8 | 3 | 12 | 29-40 | 27 |
| 7 | «Равшан» (Кӯлоб) | 22 | 6 | 8 | 8 | 22-26 | 26 |
| 8 | «Файзканд» (Восеъ) | 22 | 5 | 5 | 12 | 15-29 | 20 |
| 9 | «Кӯктош»(Рӯдакӣ) | 22 | 5 | 5 | 12 | 31-50 | 20 |
| 10 | «Душанбе» (Душанбе) | 22 | 4 | 6 | 12 | 21-50 | 18 |
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






