«Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар бозиҳои аввали нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 бар ҳарифонашон ғолиб омаданд

Ноябрь 9, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои аввали даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футбол хеле ҷолиб  баргузор шуданд. Дар ин давр дастаи футболи   «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе бар  дастаи футболи  «Эсхата»-и шаҳри  Хуҷанд бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.    

Бозии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дар сатҳи баланд доир гашт. Футболбозони дастаи «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе ҳамаи голҳоро дар нимаи аввали бозӣ ба нишон расониданд. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 8-ум, Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 25, Манучеҳр Сафаров дар дақиқаи 28, Рёта Нома дар дақиқаи 38 дарвозабони дастаи  «Эсхата»-и шаҳри  Хуҷандро маҷбур карданд, ки тӯбро аз дохили дарвоза берун орад.

Дар ҳайати дастаи  «Эсхата»-и  шаҳри  Хуҷанд  Ҷаҳонгир Эргашев ду тӯб, Аҳрорҷон Иноятов як тӯб ба ҳадаф расонданд. Дар бозии дигари нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ ба дарвозаи дастаи  «Равшан»-и  шаҳри Кӯлоб 4 голи беҷавоб зад. Дилшод Бозоров ду гол, Нозим Бобоҷонов ва Комрон Турсунов якголӣ ба нишон расониданд.

Ёдовар мешавем, ки  бозиҳои ҷавобии дастаҳо дар даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон 27-28 ноябр ба нақша гирифта шудаанд.

                                                                  АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 9, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) рӯзи сеюми тамринҳоро дар Давҳа ба анҷом расонид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид