«Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол-2021 рақобат мекунанд
ДУШАНБЕ, 29.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар финали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол-2021, ки 9 декабри соли равон дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, чемпиони ҳашткаратаи Тоҷикистон- «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо барандаи медалҳои нуқраи чемпионати кишвар -дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд вомехӯрад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар бозии ҷавобии даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душнабе бар дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3:0 (натиҷаи ду бозӣ – 7:3) ғалаба кард. Голҳоро Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров ва Рёта Нома ба нишон расониданд. Дар бозии дигари нимфинал дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар майдони худ бар дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд, вале иштирок дар Ҷоми Тоҷикистонро ба анҷом расонд. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо шарофати пирӯзии калон (4:0) дар бозии аввал ба финал баромад. Қаблан дар финали Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ду маротиба бозӣ кардаанд. Соли 2010 дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 5:0 ва соли 2017 дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардидаанд.
Хотиррасон мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар таърихи мавҷудияташ 8 маротиба — 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019, дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд чор маротиба – 1997/1998, 2002, 2008 ва 2017 ғолиби Ҷоми Тоҷикистон гаштаанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






