Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба оилаҳои камбизоати ноҳияи Мурғоб 200 тонна ангиштсанг кумак расонд

Ноябрь 3, 2021 10:02

ХОРУҒ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоати ноҳияи Мурғоб барои муътадил сипарӣ намудани фасли зимистон 200 тонна ангиштсанг кумак расонд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Ин дастгирӣ на танҳо оилаҳои мазкурро аз сармои шадид дур нигоҳ медорад, балки аз сӯи дигар, ягона растании ин ноҳия бо номи терескенро аз нобудшавӣ наҷот медиҳад. Решаи растании терескен то ба якуним метр ба умқи замин меравад ва ҳангоми бориш заминро аз шусташавӣ ва лағзиш нигоҳ медорад. Дар сурати мавҷуд набудани ангиштсанг сокинони ноҳия маҷбур мешаванд, ки хонаи худро бо ин намуди растанӣ гарм кунанд.

Раиси ноҳия Ҳусния Раҷабзода бо изҳори сипос аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои чунин кумаки саривақтӣ гуфт, ки “зимистони ноҳия қариб ҳафт моҳ давом мекунад ва дар баъзе аз деҳот сардии ҳаво 40-45 дараҷаро ташкил медиҳад. Мутобиқи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» ҳамаи муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангии ноҳия ба қадри имкон бо маводи сӯхт таъмин гардида, маъракаи захиракунии ангиштсанг ва ҳезум то даҳаи якуми моҳи ноябр ба охир мерасад. Кумитаи ҳифзи муҳити зист тасмим гирифтааст, ки боз ҳамин миқдор ангиштсанро ба ноҳия интиқол диҳад”.

Мурғоб яке баландтарин ва сардтарин ноҳияҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 3600 метр аз сатҳи баҳр баланд аст ва сардии ҳаво дар водии Булункӯли он то 50 дараҷа поин мефурояд.

Пас аз таъмиру таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон»  иқтидори истеҳсоли неруи барқи он аз 450 то як ҳазору 400 киловатт соат расонида шуд. Ҳамчунин дар ин ноҳия бори нахуст дар кишвар неругоҳи офтобӣ бо тавоноии 200 киловат-соат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки ба рушди муназзами иқтисод ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мусоидат намуд.

 АКС: АМИТ  «Ховар»

Ноябрь 3, 2021 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд