Милитсияи тоҷик қодир аст аз ҳама гуна амалҳои носавобу душманонаи дилхоҳ гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҷилавгирӣ намояд
ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 10 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил мегардад. Соли 2012 бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он 10 ноябр — Рӯзи милитсия эълон гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо дотсенти калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Бахтиёр Самиъзода оид ба дастоварди милитсияи тоҷик дар 30 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ суҳбат намуд. Номбурда дар суҳбат чунин изҳори назар кард:
— Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик ба замоне рост омадааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон тӯли 30 сол дар фазои орому осуда ва сулҳу суботи комил зиндагӣ менамоянд. Дар ин марҳилаи таърихӣ, бо талош ва ҷоннисориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳкоми давлатдорӣ пойдор гардида, ҳаёти мардуми тоҷик дар муҳити орому осоишта ва рушди босубот идома дорад. Мақомоти корҳои дохилӣ дар 30 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ, новобаста аз мураккабиҳои фаъолияти касбӣ ба дастовардҳои муайян ноил гардида, имрӯз ба мақомоти муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфта, қодир аст аз ҳама гуна амалҳои носавобу душманонаи дилхоҳ гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки ба амнияту суботи дохилии давлат, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва умуман зиндагии осудаи мардум хатар эҷод мекунанд, ҷилавгирӣ намояд.
Милитсияи Тоҷикистон имрӯзҳо пайваста кӯшиш менамояд, ки бо мақсади пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва суботи комили ҷомеа корҳои муайяне, аз қабили амалҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ташкили конференсия, ҳамоишҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, барномаҳои махсуси телевизионӣ, вохӯриҳо ва суҳбатҳоро бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, хосатан, табақаи созандаи ҷомеа-ҷавонон оид ба таъмини волоияти қонун, риояи қонуният, таблиғи ахлоқи ҳамида ва ҳамкориро бо аҳолӣ ба роҳ монад, ки албатта, дар ин ҷода сомонаи расмии ВКД, ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа», барномаи «Ахбори ВКД», «Набз» ва ғайра нақши муҳим доранд.
Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ саҳифаҳои навину дурахшонеро дар таърихи муосири миллати тоҷик ҳувайдо намуда, чароғи ҳидояти фардои дурахшони Тоҷикистон гардид. Мутаассифона, ин неъмати бебаҳои таърихӣ дар рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ дар сатҳи зарурӣ мавриди қадршиносӣ қарор нагирифт. Ҳамин тавр бо таъсири омилҳои дохиливу хориҷӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ ҷомеаи Тоҷикистон ба мухолифати тезутунд ва муноқишаи пурвусъат гирифтор шуд.
Идомаи муқовиматҳои сиёсӣ метавонист хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлол ва пароканда гардидани миллати тоҷикро ба воқеият табдил диҳад. Хушбахтона, дар чунин лаҳзаи ҳассосу сарнавиштсоз моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардида, заминаи асосиро барои бунёди давлатдории навин гузошт. Дар ин иҷлосия роҳбарии мамлакат ба дӯши фарзанди ҷонфидои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор карда шуд. Дар ин марҳилаи басо мураккаб бо мақсади муътадил гардонидани вазъият дар ҷумҳурӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти фаврӣ-хизматии ҷузъу томҳои дохилӣ Вазорати корҳои дохилӣ диққати худро барои баррасии якчанд вазифаҳои муҳим равона сохт, аз ҷумла, тақвият додани фаъолият дар кори мубориза бо ҷинояткории муташаккил, андешидани тадбирҳои мушаххас дар пешгирии ҷиноятҳои иқтисодӣ, ки аз сабаби хусусигардонӣ, пайдоиши шаклҳои нави моликият ва муносибатҳои пулию молӣ сар мезаданд, нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ дар маҳалҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳамкории қавӣ бо мақомоти корҳои дохилии ҷумҳуриҳои мустақил барои ҳалли чунин масъалаҳои муҳим дар ин раванди ҳассос аз ин ҷумла буданд.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ яке аз мақомоте, ки сарфи назар аз вазъияти мураккаби сиёсӣ, фалаҷ будани мақомоти давлатӣ, набудани базаи моддӣ-техникӣ устувор истода, дар сафи пеши муборизаҳои сиёсӣ қарор гирифт, мақомоти милитсияи тоҷик буд. Дар ин роҳ беш аз 2000 нафар кормандони милитсия ҷони худро аз даст доданд, ки ҳоло номи онҳоро бо некӣ ба забон овардан барои насли имрӯзи милитсияи тоҷик намунаи ибрат мебошад.
Имрӯз мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар раванди ислоҳоти хеш қарор дорад. Ҳадаф аз ислоҳот он аст, ки милитсия ҳамчун ниҳоди муқтадири ҳифзи тартиботи ҳуқуқии кишвар бояд ҳарчӣ бештар ба ҳамгироию ҳамкории зичи ҷомеаи шаҳрвандӣ муваффақ шавад. Ҳамзамон мақсад он аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва умуман ҳар фарди ватандӯсту ифтихорманди ин миллат дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ такягоҳи боэътимоду ёрдамчии фаъоли милитсия бошад. Чунки падида ва зуҳуроти муосири ҷинояткорӣ, аз ҷумла гаравиши қишрҳои мухталифи ҷомеа, хосатан ҷавонони ноогоҳ ва маҳдуд ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ, ки на танҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, моро водор менамояд, ки ҳарчӣ бештар андеша намуда, арзишҳои Ваҳдати миллиро ҳифз намоем ва дар ҳамраъйиву ҳамдастӣ бо неруҳои солими ҷомеа ватанамонро обод намоем.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: ВКД ҶТ










ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ АМНТАРИНИ ДУНЁ. Дар шохиси ҷаҳонии «Қонун ва тартибот»-и «Gallup» Тоҷикистон мақоми якумро касб намуд
Дар Хатлон оид ба пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва ҷиноятҳои ахлоқӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ тақвият медиҳанд
БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ. Рақамикунонӣ ва муҷаҳҳазгардонии кормандон бо бодикамераҳо ба нақша гирифта шудааст
Дар Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ кормандони ояндаи милитсияи тоҷик таҳсил мекунанд
Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд






