Муовини котиби Шӯрои амнияти Русия доир ба таҳдидҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон изҳори назар намуд

Ноябрь 22, 2021 12:02

ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Вазъият дар Афғонистон таҳдидҳои нави миқёсӣ ба вуҷуд меорад. Дар ин бора муовини котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Александр Гребенкин дар суҳбат бо рӯзномаи ҳукуматии «Российская газета» хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, бад шудани вазъият дар ҷумҳурӣ дар пасманзари «камбизоат шудани аҳолӣ ва таъқиботи ғайриқонунӣ алайҳи шаҳрвандони ин кишвар» сурат мегирад.

«Ин гуна ҳолат хатари ҳақиқии афзоиш ёфтани миқёси қочоқи маводи мухаддир, аслиҳа ва муҳоҷирати назоратнашавандаро ба вуҷуд меорад», -таъкид медорад Гребенкин.

Ӯ зикр намуд, ки ин ҳолат ҳамчунин ба «шахсоне, ки идеологияи радикалӣ ва таҷрибаи амалиёти низомӣ доранд», низ дахл дорад.

Террористони афғон метавонанд ба Осиёи Марказӣ ва сипас ба ҳудуди Русия ворид шаванд, чунин меҳисобад намояндаи Шӯрои амнияти ФР.

Ба ақидаи Гребенкин, барои ба Русия ҳамла кардан ҷангҷӯён аз қитъаи  сарҳади Русияву Қазоқистон истифода хоҳанд кард.

Масъалаи андешидани тадбирҳои зарурӣ барои танзими вазъияти дохилии Афғонистонро иштирокчиёни нишасти котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви ИДМ муфассал баррасӣ намуданд.

Гребенкин зикр намуд, ки кишварҳо баъди ба сари давлат омадани толибон вазъро хеле бодиққат пайгирӣ менамоянд.

«Мутаассифона, он (вазъият дар Афғонистон,-эзоҳи идора) имкони хушбин буданро намедиҳад», -хотима намуд ӯ.

Қаблан котиби Шӯрои амнияти ФР Николай Патрушев зикр намуда буд, ки агар ҳокимияти кунунӣ  вазъиятро дар кишвар ба эътидол наорад, ба Афғонистон хатари сар задани ҷанги шаҳрвандӣ таҳдид мекунад.

АКС: photoxpress

Ноябрь 22, 2021 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид