Музаффар Ҳусейнзода ва Венди Мортон масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабирро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 02.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар шаҳри Глазго дар ҳошияи Конфронси СОР26 вохӯрии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Вазир оид ба кишварҳои Аврупо ва Америкаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Венди Мортон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва бемории сироятии COVID-19 баррасӣ шуданд.
Мушорикат дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн низ мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.
АКС: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






