НАФСИ БАД БАЛОИ ҶОН. Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Деваштич барои ҷудо кардани қитъаи замин аз шаҳрванд беш аз 100 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст
ДУШАНБЕ, 02.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Деваштич Суҳбатулло Санатуллозода барои ҷудо кардани қитъаи замин аз шаҳрванд «А» беш аз 100 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.
«Суҳбатулло Санатуллозода дар мансаби роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Деваштич фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ ва бо мақсади ба миқдори махсусан калон тасарруф намудани молу мулки ғайр аз шаҳрванд «А» барои дар масоҳати 2627 м² ҷудо карда додани қитъаи замин бо мақсади сохтмони майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ дар якчанд ҳолат дар маҷмуъ маблағи 102 702 сомониро гирифта, тасарруф намудааст ва ба шаҳрванд зарари махсусан калони моддӣ расонидааст», — омадааст дар иттилоияи Агентӣ.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Суҳбатулло Санатуллозода бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.
Бояд тазаккур дод, ки ин банди Кодекси ҷиноятӣ ҷазоро дар шакли ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё бидуни он пешбинӣ кардааст.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандони мамлакат чунин муроҷиат мекунад:
«Дар хотир дошта бошед, ки коррупсия ҳамчун ҷинояти вазнин яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат мегардад. Биёед бо ин зуҳуроти хавфноки ҷомеа якҷоя муқовимат намоем! Телефони боварии мо: (+992 37) 224 – 23-23».
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






