Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 16-уми Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдо раисӣ намуд

Ноябрь 18, 2021 14:12

ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр ҷаласаи 16-уми Гурӯҳи кории  Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) оид ба савдо бо иштироки намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин намояндагон аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, ки онро роҳбари ҳайати кишвар, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода раисӣ намуд, хабар доданд аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар».

А. Абдураҳмонзода зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз намуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи савдо байни кишварҳои аъзои СПЕКА новобаста аз давраи ҳассоси буҳронӣ, ки тақрибан ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, дар ҳоли муътадил ҷараён дорад ва вобаста ба корҳои амалигардида ҳисоботи гурӯҳи кориро пешниҳод намуд.

Зикр карда шуд, ки дар доираи ҷаласа масъалаҳои ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзои СПЕКА дар чаҳорчӯбаи СУС, Стратегия ва Харитаи роҳи СПЕКА оид ба содагардонии расмиёти савдо, тавсеа ва татбиқи минбаъдаи принсипҳо барои савдои устувор дар минтақа, таҳқиқот ва тавсияҳо вобаста ба монеаҳои ғайритарифӣ дар савдо дар давраи пандемия ва рақамикунонии соҳа мавриди муҳокимаи иштирокдорон қарор гирифтанд.

Ҳамзамон дар қатори дигар давлатҳои минтақа дар ҷаласа вазъи кунунии соҳа, ташаббусҳои роҳандозинамудаи Ҳукумати кишвар вобаста ба пешгирии коронавируси COVID-19 ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як соли охир пешниҳод карда шуд.

Изҳор гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири манфии коронавируси COVID-19 ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар нақшаи тадбирҳо қабул гардид. Новобаста аз паҳншавии бемории ҳамагир ва пайомадҳои он дар ҷаҳон моҳҳои январ-октябри соли 2021 дар Тоҷикистон рушди ММД нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 4,2 фоиз таъмин гардид.

Тоҷикистон раисии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро ба уҳда дошта, ин ҷаласа ҳамасола дар ҳошияи чорабиниҳои СПЕКА дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мегардад.

Дар охири ҷаласа аз ҷониби раиси гурӯҳи корӣ- А. Абдураҳмонзода ҷиҳати тақвияти ҳамкории минбаъда дар соҳаи савдо байни кишварҳои СПЕКА тавсияҳои мушаххас пешниҳод шуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Ноябрь 18, 2021 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид