Нуриддин Саид ва Эмре Зекӣ Карагёл дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Туркияро дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ намуданд

Ноябрь 3, 2021 10:28

ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/.  2 ноябр зимни мулоқоти Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нуриддин Саид ва Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ гардид, иттилоъ дод котиби матбуоти Кумитаи мазкур Иброҳим Аҳмадов ба АМИТ «Ховар». 

Нуриддин Саид аз таърихи равобити дипломатии ҳарду кишвар, бахусус дар соҳаи телевизон ва радио ёдовар шуда, зикр намуд, ки миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи телевизон ва радиои Туркия 18 декабри соли 2012 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд, ки он дар вусъат бахшидани ҳамкории соҳавӣ нақши муҳим дорад.

Дар мулоқот масъалаҳо доир ба вусъати ҳамкорӣ дар самти омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар, омода кардани мутахассисон дар бахшҳои гуногуни телевизион ва радио, баргузор намудани семинару конфронсҳои соҳавии муштарак, такмили тахассуси ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникӣ, инчунин лоиҳаи Протоколи ҳамкорӣ миёни  Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати телевизион ва радиои Ҷумҳурии Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҳбари намояндагии дипломатии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл оид ба фаъолияти телевизион ва радиоҳои Туркия мухтасар маълумот дода, омодагии кишвари худро баҳри ҳамкорӣ дар самтҳои номбаршуда изҳор дошт.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

АКС: Кумитаи телевизион ва радио

Ноябрь 3, 2021 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд