Нуриддин Саид ва Эмре Зекӣ Карагёл дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Туркияро дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр зимни мулоқоти Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ гардид, иттилоъ дод котиби матбуоти Кумитаи мазкур Иброҳим Аҳмадов ба АМИТ «Ховар».
Нуриддин Саид аз таърихи равобити дипломатии ҳарду кишвар, бахусус дар соҳаи телевизон ва радио ёдовар шуда, зикр намуд, ки миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи телевизон ва радиои Туркия 18 декабри соли 2012 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд, ки он дар вусъат бахшидани ҳамкории соҳавӣ нақши муҳим дорад.
Дар мулоқот масъалаҳо доир ба вусъати ҳамкорӣ дар самти омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар, омода кардани мутахассисон дар бахшҳои гуногуни телевизион ва радио, баргузор намудани семинару конфронсҳои соҳавии муштарак, такмили тахассуси ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникӣ, инчунин лоиҳаи Протоколи ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати телевизион ва радиои Ҷумҳурии Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Роҳбари намояндагии дипломатии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл оид ба фаъолияти телевизион ва радиоҳои Туркия мухтасар маълумот дода, омодагии кишвари худро баҳри ҳамкорӣ дар самтҳои номбаршуда изҳор дошт.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
АКС: Кумитаи телевизион ва радио








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






