ОЗМУНИ АМИТ «ХОВАР»: Тоҷикистон – диёри обҳои зулол

Ноябрь 29, 2021 15:10

ДУШАНБЕ, 29.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон барҳақ диёри обҳои зулол, кишвари пешорӯйи офтоб, макони чашмаю дарёҳои пок аст. Ин мулки афсонавӣ дар нимкураи шарқии кураи Замин воқеъ буда, 93 фоизи онро саросар кӯҳҳо фаро гирифтаанд. Ва ана ҳамин кӯҳу қуллаҳои осмонбӯс, сарчашмаи захираҳои бойи табиӣ, аз ҷумла, барфу пиряхҳо манбаи бебаҳои об гаштаанд. Ҳангоме ки барфҳо об мешаванд ҷӯй ва кӯлу дарёҳо пуроб мегарданд. Кас ба манбаъҳои фаровони об, ки аз синаи кӯҳпораҳо ҷорӣ мегарданд, нигариста, маънии мақоли «Об манбаи ҳаёт аст»-ро сарфаҳм меравад ва ба ин боигарии миллӣ аҳсану офарин мехонад.

Дар ин маврид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд, ки «сарватҳои ғании обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки дар олам яке аз бузургтаринҳо ба шумор мераванд, дар ҳолати самаранок ба кор андохтанашон метавонанд барои ҳамаи кишварҳои минтақа суди зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ оранд. Потенсиали гидроэнергетикии мо ба 527 миллиард киловатт/соат мерасад ва аз ин айни замон фақат 3-4 фоизаш истифода мешаваду халос».

Бешубҳа, маҳз миллати тоҷик аз қадимулайём дар саргоҳи обҳои равону муқаддас мезист ва кору эҷод мекард. Ҳанӯз одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рӯди Ҷайҳунро хеле самимӣ ситоиш карда, бад-ин васила шоҳро бе пойи мӯза сӯйи ҷӯйи Мӯлиён оварда буд:

Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ,

Хинги моро то миён орад ҳаме.

Ситоиши баҳру рӯдҳои кишвари тоҷикон- Панҷ, Искандаркӯл, Вахш, Сурхоб, Сир, Зарафшон, Бадахшонро дар бисёр осори ниёгон дидан мумкин аст. Масалан омадааст:

Шунидам, ки дар хоки Вахш аз меҳан,

Яке буд дар кунҷи хилват ниҳон.

                                                        Саъдии Шерозӣ

Ҳар шому саҳар акси гули настаран аз боғ,

Сурхобу Сафедоб задӣ рӯйи ҳаворо.

                                                        Салмони Соваҷӣ

Он чӣ васфаш зи шарҳ берун аст,

Баҳри маввоҷи наҳри Сайҳун аст.

                                                        Фазлуллоҳи Рӯзбеҳонӣ

Дар миёни халқ беҳуда намегӯянд, ки ба об туф накун, об макрӯҳ мешавад ё:

Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,

Нашояд фигандан дар он сангу хок.

Дар асри XXI, ки дар дунё масоили зиёди глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, обхезию масоили мушкили экологӣ ба вуқӯъ омадаанд, масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Зеро солҳои охир таъсири офатҳои табиӣ боз ҳам афзуда, захираҳои обии пиряхҳо торафт кам шуда истодааст. Аз рӯйи маълумоти мутахассисону коршиносон, имрӯз дар тамоми ҷаҳон тахминан 1,5 миллиард одамон имконияти истифода бурдан аз оби ошомиданӣ надоранд. Беш аз 7 миллион одамон ҳар сол аз сабаби беморие, ки бинобар норасоии об ба он гирифтор мешаванд, ба ҳалокат мерасанд. Аз ин шумора 2,2 миллиони онҳоро кӯдакони то 5-сола ташкил медиҳанд. Маҳз ҳамин ҷиҳатҳоро ба инобат гирифта, Сарвари давлати тоҷикон, Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон беш аз 30 сол аст, ки ҳамасола бо ташаббусҳои наву арзишманди хеш дар сатҳи ҷаҳонӣ бобати истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ барномаҳои мукаммалу мушаххас пешниҳод месозанд. Маҳз бо ташаббуси созандаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2003 Соли байналмилалии оби ошомиданӣ эълон гардид. Ин иқдоми Сарвари давлат сабаби амалишавии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», 2005-2015 гардида буд. Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ карда, соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон доштанд.

Қобили зикр аст, ки дар Кумитаи дуюми Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар байни 177 кишвари аъзои СММ мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ҳанӯз аз солҳои 2000-ум ибтидо мегиранд, ки аз тарафи аксар давлатҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфта, айни замон дар ин самт чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ  ва музокираҳояшон дар сатҳи байналмилалӣ зарурати таъмини аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошти муҳити зист, масъалаҳои баланд бардоштани сифати об ва самаранокии истифодаи он, ҳифзи экосистемаҳои об, идоракунии муштараки захираҳои об ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи обро ҳамеша таъкид мекунанд. Дар пойтахти ҷумҳуриамон — шаҳри Душанбе бо иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон 8 маротиба конфронсу симпозиумҳои сатҳи баланди байналмилалӣ марбут ба об гузаронида шудаанд, ки ҳамаи онҳо ҷанбаи экологӣ дошта, барои тозагии муҳити зист ва некуаҳволии мардум нақши муҳим мебозанд. Тоҷикистон, ки дар саргаҳи ташакули захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст, роҳбарияти олии кишвар хеле дуруст эҳсос намуданд, ки яке аз омилҳои асосии рушди устувор, беҳдошти муҳити зист ва ҳифзи саломатии аҳолӣ ва дастрасии умумӣ ба об мебошад. Амалӣ гаштани  Даҳсолаи навбатии “Об барои рушди устувор” барои рушди устувори иқтисодиёти сайёра, дастрасии бештари аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ва ҳифзи экосистемаҳои нодири табиӣ мусоидат хоҳад кард. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон тамоми ин ташаббусҳоро дастгирӣ намуда, барои амалӣ кардани онҳо тадбирҳои мушаххас меандешанд. Зеро об — ин ҳаёт, ободӣ, созандагӣ, бунёди  боғҳо, токзор, сабзаву дарахтҳо, зебогии диёри мо аст.  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳлилу баррасии соҳаҳои дигари мамлакат, ҳамчунин ба масъалаи беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ, сайёҳӣ, бахусус об таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз рӯйи захираҳои об дар ҷойи аввал меистад. Дар ҷумҳурӣ 947 дарё ҷорист. Қариб шаш фоизи масоҳати кишварамонро пиряхҳо ташкил додаанд. Ҳамчунин 1300 кӯл мавҷуд аст. Ва Тоҷикистон чун яке аз давлатҳои ташаббускори ҷаҳон дар ҳаллу фасли мушкилоти глобалии об мебошад. Маҳз бо ташаббусу кӯшишҳои бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон чун диёри обҳои зулол шинохта шудааст. Сарвари давлат ҳамчунин ташаббускори таъсиси хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошанд. Зеро Тоҷикистони афсонавӣ дорои 14509 пиряхҳои хурду бузург мебошад. Аз ҷумла ҳифзи пиряхҳои азими Федченко, Бовачий, Хирсон ва ғайра қарзи муқаддаси имрӯзиён аст. Дар ин самт зарурати истифодаи оби поки кӯли Сарез ба миён омадааст. Ҳаҷми захираҳои обии ин кӯл зиёда аз 17 миллиард метри мукааб буда, онро метавон барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти аҳолии минтақа истифода бурд. Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, пешоҳанги ҳаллу фасли масоили об, проблемаҳои экологии сайёра мебошанд. Ҳанӯз соли 2003-юм аз минбари СММ Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд:

«Ҳамагон бояд бидонем, ки қимати об аз нафту газ ва дигар захираҳои сӯзишворӣ ва манбаъҳои нерубахш барои устувории ояндаи кишварҳои минтақа камтар нест».

Оре, «Об ва ҳаёт» ё «Обу ободонӣ» гуфтаанд. Оянда низ одамон дар рӯйи замин ба шарофати ин неъмати худодод ҳаётро идома медиҳанд. Худи одамизод низ офаридаи оби пок аст ва ними ҷисми моро об ташкил намудааст.

Фариштаи об ҳамеша дар рӯ ба рӯйи мо қарор дорад ва даст ба дуо мебарад, то насими обҳои зулол дармонбахши одамон гардад. Устоди сухан Мавлавии бузург худи инсонро ба оби поку зулол ташбеҳ додааст:

Одам устурлоби асрори ъулуст,

Фазли одам мазҳари оёти ӯст.

Халқро чун об дон поку зулол,

Андар ӯ тобон сифати зулҷалол.

Барҳақ, об неъмати бебаҳои табиати худододи кишвари офтобии мост. Шукр, ки Тоҷикистон дорои захираҳои калони обӣ, кӯлу дарё, чашмаҳои бешумори зулолу шаффоф буда, шӯҳрати обҳои он то ба кишварҳои хориҷӣ паҳн шудааст.

Ҳоло қариб дар ҳар кӯчаю деҳа чашмаю қубурҳои обгузар бунёд шудаанду мардум оби тозаро нӯши ҷон мекунанд. Вале на дар ҳамаи шаҳру деҳот обро сарфакорона истифода мебаранд. Аксари оби дарёву каналҳои кишвар ҳолати ташвишовар доранд.

Баъзеҳо беинсофона чизе, ки рост ояд, ба об мепартоянд, лаби дарё мошин шуста, ба ҷӯй хокистару ахлот мерезанд. Беэътиноӣ нисбат ба об аст, ки имрӯз 1,2 миллиард нафар аҳолии ҷаҳон аз истеъмоли оби тоза тамоман маҳруманд. Чунончи, дар музофоти Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чоҳи оби нӯшокиро бинобар ифлосу заҳрнок шудан маҳкам карданд. Дар 773 деҳоти Венгрия об аз бисёрии заҳрхимикатҳо барои нӯшидан ношоям гаштааст. Набудани оби тозаи ошомиданӣ фоҷиаи одамист. Ин аз як тараф, ба кашонидани оби нӯшокӣ сабаб шавад, аз тарафи дигар шумораи беморони сироятшуда торафт меафзояд. Мисол, дар яке аз шоҳроҳҳои Амрико 82 фоизи оби нӯшокиро аз дигар ҷо меоранд, ки хароҷоти он соле 3,5 миллион долларро ташкил медиҳад. Гузаштагони мо низ ифлос намудани обро амали носавоб донистаанд. Зеро об чун неъмати муқаддаси худодод бояд парастиш шавад ва набояд ифлос гардад. Дар ин бора дар китоби «Маслакул-муттақин» навиштаанд:

Оби бинию фам манеҳ дар об,

Ки караҳ фармудаанд дар ин боб.

Нависандаи машҳури олам Чингиз Айтматов оқибатҳои ҳалокатовари манбаъҳои об, ҳалокати Аралро пешакӣ ҳис карда буд: «Қатор ба Аралск расид… Эдигей аз вагони баланд фуруд омаду ҳайрон шуда истод. Атроф тип-торик, фақат ҷо-ҷо чароғҳои хираи истгоҳ милт-милт метофтанд. Боди тунде мевазид. Ҳа, ӯро маҳз ҳамин бод истиқбол гирифта буд. Боду ҳавои диёри азизаш, боду ҳавои баҳри Арал!

Ба машом бӯйи об расид. Он рӯзҳо об наздик буд, шарфаи мавҷҳояш дар паҳлӯи роҳи оҳан шунида мешуд. Ҳоло бо дурбин нигарӣ, базӯр мебинӣ»…

(аз «Дуроҳаи бӯронӣ»-и Ч. Айтматов)

Афсонаи Искадаркӯл 

Як бегоҳӣ мо меҳмони ин кӯли пурасрор шудем. Ҳамроҳонам дар соҳили кӯл чор тараф давида, аз обу ҳавои мавзеи афсонавӣ лаззат мебурданд. Қаиқи моторӣ аз як ҷониб ба дигар тараф тоб хӯрда, мавҷи оби хунук ҳузуру ҳаловат мебахшид. Ҳамроҳонам шайдои ин зебоӣ гашта, васфи ин гӯшаи диёри маҳбубро доштанд.

Ман ҳам хурсанд будам, ки ба орзуи деринаам расидаму акнун дар шафати Искандаркӯл қадам мезанам. Лекин ҳеҷ фикрам ором намегашт. Ба чор тарафи соҳил чашм дӯхта, чизеро меҷустам.

Афсонаи аспи вафодори Искандари Мақдуниро ба ёд оварда, ҷӯёи пайи қадами асп шудам.

Ҳатто рафиқи наздикам ин ҳоли маро пай бурда, бо тааҷҷуб гуфт: — Сода нашав, наход ба афсона бовар кунӣ, Искандар куҷову Искандаркӯл куҷо? Ин ҳамааш бофтаи хаёли мардум. Биё, беҳтараш чорта истироҳат кунем.

Аз ин гуфтаҳо дилам каме ошуфта гашт. Охир чӣ кор кунам, ки ба ин афсона боварӣ доштам? Ва садои ба сангҳо бархӯрдани оби кӯл боз афсонаро зинда кард ва беихтиёр гузаштаро дидам. Хаёлам пойбанди афсонаи Искандаркӯл буд. Ривоят мекунанд, ки ҳазорҳо сол пеш Искандари Мақдунӣ шабе меҳмони ин мавзеи нотакрор будааст. Ба Искандар ин кӯл бисёр хуш омадааст. Ӯ дар ин мавзеъ истироҳат намуда, дар кӯҳҳои атрофи он ба шикор машғул будааст. Кӯл на танҳо ӯро, балки аспи самандашро низ шефтаю волаи худ гардонда будааст, ки асп ҳар замон шиҳа кашида, лаб-лаби кӯл беқаророна медавидааст. Оқибат асп сармасту афсуншудаи кӯли афсонавӣ гардида, бехабар аз хеш худро ба қаъри кӯл афкандааст. Аспи Искандар дигар аз кӯл берун нашудааст. Искандар бо дили ғамноку ошуфта ин маконро тарк намудааст. Ривояте ҳаст, ки гӯё ба хотири ҳамон асп ин мавзеъ Искандаркӯл ном гирифтааст ва гӯё баъзе шабҳо аз қаъри кӯл шиҳаи аспи Искандар баланд мешудааст. Искандаркӯл дар баландии зиёда аз 2195 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, мувофиқи гуфтаи олимону муаррихон, 11 ҳазор сол пеш дар натиҷаи фурӯравии кӯҳҳо ба вуҷуд омадааст. Масоҳати кӯл 3,5 километрро ташкил медиҳад. Чуқурии Искандаркӯл 72 метр буда, ба он аз шохобҳои Саританг, Ҳазормеш, Саридевол, Сарима об ворид мешавад.

Кӯҳҳои атрофи Искандаркӯл диққати ҳар бинандаро зуд ба худ ҷалб мекунанд. Ин кӯҳҳо чунон пайи ҳаманд, ки хаёл мекунӣ, маҳз барои нигоҳдории ин кӯл саф кашидаанд. Дар ин қаторкӯҳҳо бабру шерпалангҳо, рӯбоҳу хирс ва дигар намуди парандаҳои нодир то ҳол умр ба сар мебаранд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки то ҳол асрори ин кӯл аз ҷониби олимон пурра омӯхта нашудааст. Зеро оби Искандаркӯл бениҳоят хунук буда, таркиби нодиреро дорост…

Оби мусаффои кӯл ҳамоно ором ба чашм метофт. Бегоҳӣ ҳамин, ки атроф камодам шуд, боз назди оби пурасрор омадам.

Дар соҳили камоб сангрезаҳои сафеду майда ба назар расида, об мисли пири хастае оҳиста нафас кашида, дам мегирифт. Лапиши он мисли оҳи мӯйсафед базӯр ба гӯш мерасид. Ин дам яке кӯл ба фарёд омад. Мавҷи об баланд гашта, сар ба соҳил зад. Чашмам ба канори кӯл афтод. Аспе қашангу зебо, қоматбаланди гардандароз ба атроф назар андохта, худашро такид. Аз об берун шуда, ҷониби алафзор рафт. Оҳиставу хушхиром. Чанд соат мунтазир шудам, аммо дигар баргашта омадани аспро ба кӯл надидам…

Фоҷиаи Арал 

Дар канори дарёчаи Сиёҳтоб истодан кайфияту лаззате дорад. Об бо маром ҷорӣ шуда, садои резиши он ба тану ҷон ҳузури ҳаловат мебахшид. Маро атрофи дарёча, манзараҳои зебои он хаёле сеҳру афсун намуда буд. Аз кӯҳистон шамоли серуне вазида, шилдироси об ҳамвора ширинтар баланд мешуд.

Ҳангоми тамошои дарёча, манзараи поёнтари он маро сахт ғамгин кард. Канори дарёча, таги долу дарахтони сояафкан, пури шишаҳои холӣ, ифлосиҳо буд. Аз гӯшае то ҳанӯз боқимондаи гулхану хокистари «сайёҳон» ба чашм мерасид. Аз он тарафи роҳ ду-се нафар мошинҳои шахсии худро ба ҷойи пастоби наҳр дароварда, бепарвоёна шустушӯ доштанд. Оби мусаффои дарёча ҳамоно аз равғану ифлосиҳои мошин пур мегашт. Дарёча дигар садои ошно надошт. Балки бо хашму ситеза қаҳркунон сар ба сангҳо зада, мехост рӯйи худро аз хасрӯбаҳо пок кунад, аммо наметавонист. Танҳо паст-паст фиғон кашида, он ифлосиҳоро ба коми худ фурӯ мебурда халос. Ман ин манзараҳои ҳузнангезро мушоҳида карда, дарк кардам, ки имрӯз дар ҷумҳурии мо на ҳама вақт ба қадри захираҳои об, дарёчаву кӯлҳои мусаффо ва чашмаҳои зулол, бахусус, оби ошомиданӣ мерасанд. Ҳолати бади шабакаҳои обрасонӣ ва солҳои дароз рӯйи таъмирро надидани ин гуна нуқтаҳо боиси ташвиши ҷиддии мутахассисон гардидааст. Аз обрезҳои вайрону фарсудаи ҳавлию кӯчаҳо об беҳуда ҷорӣ мешавад. Ҳол он ки дар бисёр маҳаллаҳо, корхонаву дигар муассисаҳо оби нӯшокӣ намерасад. Ҳамаи ин ҳолатҳои ногузир ба он овардааст, ки имрӯз дар Тоҷикистон, ки дорои манбаъҳои обу захираҳои табиӣ мебошад, аллакай дар баъзе минтақаҳо ба проблемаю мушкилоти об дучор шудаанд.

Аз ин рӯ, мардумро зарур аст, ки аз захираҳои фаровони об оқилона истифода баранд, нагузоранд, ки об беҳуда ҷорӣ гардад. Дар ин роҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурдан ба аҳолӣ ба фоидаи кор аст.

Ҳолати баҳри Арал ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст.

Агар мо моҳияти ин буҳронро сари вақт ҳис накунем, хатари Арал вазнин аст.

Фоҷиаи Арал хоҳу нохоҳ ба Тоҷикистон низ сахт марбут аст. Чунки 94 фоизи обҳои он аз ҷумҳурии мо сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, масъалаи наҷот додани баҳри Арал аз бисёр ҷиҳат ба истифодаи самараноку оқилонаи об, бале маҳз об дар диёри мо вобаста мебошад. Барҳақ проблемаи оби нӯшокӣ кори якрӯзаву дурӯза ва якмоҳа нест. Ва он танҳо бо роҳи сарфакорӣ ҳалли худро меёбад. Зеро инсоният тӯли солҳои дароз нисбати истифодаи об ба хатоиҳои зиёде роҳ додааст. Боре наандешидаанд, ки об мисли дигар боигариҳои табиат – аз қабили нафту газ ё дигар хӯрокворӣ бояд сифат, миқдору арзиши муайяни худро дошта бошад?

Пас чаро мо ҳангоми истифодаи об ба миқдору сифати он аҳамияти даркорӣ намедиҳем?

Охир набояд фаромӯш кард, ки гузаштагони мо нисбат ба оби пок  эҳтироми калон гузоштаанд ва бепарвоӣ нисбат ба об убол аст.

Имрӯзиёнро зарур аст, ки ба қадри обҳои зулоли кишвар, ҳар қатраи он бирасанд. Нагузоранд, ки об ва ҷӯйҳои об ифлос шаванд. Зеро бе об ҳаёт нест. Пас биёед, аз об оқилона истифода барем.

Оби ноёфта гарон бошад,

Чун биёбанд, ройгон бошад.

                                         А. Саноӣ

Як қатра об 

Мӯйсафеди Карим дар дами марг буду мисли мор ба худ мепечид. Ҷонканӣ барояш осон набуд. Чашмони нимкушодааш ба сақфи хона дӯхта шудаанд. Ӯ гӯё ҳамаи буду набудашро, гузаштаи дурашро аз ҳамон болодарӣ, чӯбҳои каҷу килеб мехонд. Балки нигоҳаш якрангу беҳис мегашт ва наметавонист ҳушашро якҷо ҷамъ кунад. Майнааш кайҳо карахт, дасту панҷааш беҳаракат мехобид. Лабони хушку парсинбастааш базӯр аранге меҷунбид.

Мӯйсафеди рӯйи ҷойгаҳ намедид, ки чӣ тавр зану бачаҳояш гиря доранд. Намефаҳмид, ки онҳо як ҳафта боз пайи духтур, доруву дармон то ба куҷоҳое сарсону саргардон нашудаанд. Дарди мӯйсафед зӯр буду лаҳзаҳои охирини умраш азоби сахт мекашид. Дард тамоми рагу пайвандашро хӯрда, мисли кирми лойхӯрак аз дарун хуруҷ мекард. Табибон дар сабук кардани дардаш оҷиз монданд.

Касе намедонист, ки барои таскини дили бемор боз чӣ лозим мебошад. Назари мӯйсафед на ангурро мегирифту на себу анорро…

Қарибиҳои бегоҳӣ, ҳангоме, ки мӯйсафеди бемор беҳушу ёд канда-канда нафас мекашид, барояш аз қадоваи кӯҳистон барфу об оварданд. Дар чиллаи тобистон касе чашмдор набуд, ки барои Карими мӯйсафед барфу оби тарма меоранд. Ҳангоме ки бо пахтаю оби сард лабҳои мӯйсафедро тар карданд, бемор ба худ омад. Яхоб талабид ва косаи яхобро кӯдаквор дам кашид. Оби ҷонбахш ба тану ҷони хаставу дардмандаш неруи тоза бахшид. Мӯйсафеди дар дами марг ба фарёд омада, яке ҳушёр шуд, ба обёр дуои нек кард, ҳамсояҳоро пиҳил карду чанде ба атроф чашм давонд. Ин дам нигоҳаш дигар хел буд. Рангу рӯяш акнун зиндагиро тараннум дошт.

Атрофиёнаш ҳис карданд, фаҳмиданд, ки об чӣ неруи бузурге доштааст. Қалби ташнаи бемор нуроб гашт, ӯ аз сӯзиш монд, нолааш кам шуд. Оби сард вуҷудашро тамоман орому осуда намуд. Оби ҷонбахш марги беморро осон намуд. Дар ин гармои тафсон акнун бемор осуда мехобид. Дидам, ки то ҳанӯз дар кафи дасташ пиёлаи холиеро сахт доштааст ва ҳоло ҳам об талаб дорад, оби ҷонбахш…

Оби зулоли чашма 

Оби чашмаи деҳаи Таги тут доим равон аст. Ҳамин ки назди чашма расидӣ, нигоҳат аввал ба қаъри он меафтад. Аз таги он сангпораҳои шаффофу сафеди хурд-хурд ба чашм мерасанд.

Баъзеҳо аз чашма об нӯшида боз даст ба таги он мебаранду санг мегиранд. Ба ин рафтор гӯё бахту иқболи худро меозмоянд. Оби зулоли чашма ҳамоно поку беолоиш аст ва якмаром ҷорист. Баъзеҳо аз сангҳои ба каф овардаи худ розӣ набуда, бо қаҳру ситеза онро ба об мепартоянд, чашмаро лой мекунанд. Обаш тира мешавад. Ҳангоме ки оби чашмаро тираю вайрон мекунанд, чашма тоқат мекунад. Дамашро ба дарун кашида, ғам мехӯрад. Афсӯсу надомат гулӯгираш месозад, ба одамон ҳайфаш меояд. Ҳайрон мешавад, ки чаро баъзан одамон оби зулоли ӯро монда, аз обҳои қубурҳо, боз ким-чӣ хел обҳои минералӣ, худсохт истифода мебаранд. Чаро ин гуна обҳои сохтаю кимиёвиро менӯшанду оби чашмаро фаромӯш месозанд? Оби чашмаи зулол боз софу пок, беолош шуд. Акнун он об бошаст сӯйи боғу роғҳо ҷорӣ буд. Чашма меболид, шукр мекард, ки обаш ба марзи дилҳои одамон ҷон мебахшад, заминҳоро ҳосилхез месозад.

Шодии чашма дер давом накард, рӯзе омаданду баъди ташхис обашро ба заводи обкашӣ бурданд. Акнун атрофи чашма маҳкам асту обашро танҳо барои тайёр кардани обҳои минералӣ истифода мебаранду халос. Оби чашмаи зулол ғамгину малул мебошад. Ҳангоме ки оби чашмаро ба зарфҳо мерезанду бо он моли дигареро ҳамроҳ мекунанд, оби чашма гирёну нолон мегардад. Аз зӯрии дарду алам об аз сари зарфҳо ҷӯш зада мебарояд, ба замин мерезад. Аз ин касеро парвое нест, зеро чашма кайҳо аз пайванди худ, зери Таги тут халос шудааст.

Ҳавзи морон 

Дар мавзеи Искандаркӯл ҳавзи морон ҷойгир шудааст. Дар соҳили чапи ҳавз дар натиҷаи ҳодисаҳои табиӣ як ҷангалзори зебои дарахтони сабз низ ба вуҷуд омадааст. Ҳавзи морон ба оби мусаффо, вале пурасроре шабоҳат дорад. Ба ин ҳавз одамон, сайёҳон хеле кам меоянд. Ҳавзи морон дар худ асрор, афсонаҳои зиёдеро то ҳол нигоҳ доштааст. Дар соҳили ҳавз парандаҳо аз тарс оҳиставу бесадо бол мекушоянд, намехоҳанд, ки тӯъмаи морон шаванд. Ҳатто аз болои ҳавз парандаҳои моҳихӯр кам парвоз мекунанд. Морҳо саҳарӣ карахту беҳис мебошанд. Ҳамин ки гармӣ дамид, онҳо боз аз нав ҷон мегиранд ва аз оби ҳавз баромада, бадани худро офтоб медиҳанд. Дар зери шӯълаҳои гармӣ морҳои калону хурд ҳаловат мебаранд, чиррос мезананду ба дили дигар ҷонварони ин макон тарсу ваҳм меандозанд. Ҳамин ки морҳо гарм шуданду офтоб батамом атрофро ҳусн бахшид, онҳо чун ҳокимони мутлақ дохили ҳавз мешаванд.

Дар ҳақиқат, морҳо ин ҷо ҳокиму соҳиби ин ҳавзи пурасрор мебошанд ва беҳуда нест, ки онро «Ҳавзи морон» номидаанд. Оби ҳавз шаффофу мусаффо буда, поёни он пури обсабзаҳою алафҳои худрӯй мебошад.

Як нуктаро бояд ҳамчун дӯстдори табиат зикр кунам, ки морҳои ин мавзеъ ба кӯл фоидаи зиёде меоранд, баъзе намудашон хеле фоидаоваранд. Маҳз ҳамин морҳо табиатро танзим мекунанд. Яъне онҳо ҳашароти зараррасонро несту нобуд карда, боиси мӯътадил нашъунамо ёфтани дигар ҳашароту гиёҳҳо мегарданд. Аз ин рӯ, дар табиат чизе беҳуда нест. Танҳо ба мо меҳру муҳаббат лозим аст, ки боигариҳои табиатро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, нагузорем, ки табиат хароб гардад.

Панҷчашма 

Панҷчашма низ яке аз мавзеъҳои хушобу ҳаво ва зебои Искандаркӯл ба шумор меравад. Ин чашмаҳо аз дили кӯҳҳои азим ҷӯш зада мебароянд. Панҷ чашма паҳлӯи ҳам ҷойгир шуданд ва онҳоро харсангу кӯҳпораҳо печониданд. Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки таъми оби онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунад.

Чашмаи аввал хеле мусаффо, хунук буда, обаш ширину рӯҳбахш мебошад. Чашмаи дигарӣ боз хунуктар буда, таркиби обаш дигар хел аст. Ман аз обҳои чашма нӯши ҷон мекардаму ҳайратам дучанд мешуд. Ба офаридаи табиат ангушти ҳайрат мегазидам.

Аз сокинони куҳансоли мавзеи Панҷчашма дар бораи таърихи ин дара пурсон шудем. Онҳо гуфтанд, ки гузаштагонашон намедонистанд, ки ин чашмаҳо чӣ гуна эҳё гардидаанд. Ин дам мӯйсафеде нақл, ки дар замонҳои пеш пирамарде бо ягона фарзандаш дар ин мавзеъ мезистааст. Онҳо оби ошомиданӣ надоштаанд. Рӯзҳои дароз падару писар обҳои ифлосро ҷамъ карда, сипас соф мекарданду менӯшиданд. Оқибат аз набудани оби нӯшокӣ фарзанди ягонаи пирамард аз оби чиркин нӯшида, бемор мешавад ва чанде нагузашта, ба ҳалокат мерасад. Пирамард аз ҳасрати ҷигарбандаш шабе то рӯз нолаву фиғон кашида, аз Худои таъоло илтиҷо мекунад, ки ба ёди фарзандаш чашмае ба вуҷуд ояд. Дуои пирамард мустаҷоб гашта, саҳарӣ, ана дар ҳамин мавзеъ чашма аз қаъри кӯҳҳо ҷорӣ мешавад. Пирамард то охири умраш дар ин макон монда, атрофро обод мекунад, ба ёди фарзандаш дарахт мешинонад. Аз Панҷчашма дуртар то ҳол қабри кӯчаке ба чашм мерасад. Шояд ин ҳамон қабри писари пирамард бошад, ки бо ҳасрату дард атрофаш ниҳолзор гаштааст. То ҳол ба бехи ниҳолҳо об мерезад, хаёли гӯри писари ташнамаргро обшор месозад. Ҳоло Панҷчашма хеле обод гардида, то назди он роҳи мошингард сохтаанд. Акнун сайёҳону табиатдӯстон метавонанд аз ин мавзеи афсонавӣ дидан намоянд.

Дар мавзеи Искандаркӯл ба ғайр аз ҷойҳои таърихӣ шаршараи пуробе ба чашм мерасад. Оби шаршара аз баландии қариб 500 метр поён рехта, садои он ба дили ҳар бинанда ваҳму ҳарос меандозад.

Шаршара ба таври хеле ҳайратовар дар миёни ду кӯли азим ҷойгир шудааст. Харсангҳои поёни он ду шакли ҳайвонро гирифтаанд. Ду тахтасанг, поёнтар қуллаи болобаланде амсоли даҳони гурги гушнае ба назар мерасад. Хаёле аз ҳамин даҳони гург об мерезад, ки дар дами роҳаш метавонад сангҳои калонро ба поён ғелонад. Тайи солҳои дароз дар поёноби шаршара об сангҳои онро шикофта, тахту ҳамвор кардааст.

Чилучорчашма 

Ҳангоме ки меҳмони ин мавзеи афсонавӣ мешавӣ, худро хушбахт ҳис мекунӣ, меболӣ, шукр месозӣ, ки дар диёри тоҷикон чунин як макони муқаддас побарҷост. Ман дар атрофи Чилучорчашма қадам зада, нигоҳамро аз офаридаҳои табиат намекандам.

Гӯё дар ин мавзеъ тамоми шоҳкориҳои табиати нозанин ба таври ҳайратовар ба ҷилва омадаанд. Оби мусаффои чашма аз қаъри замин ҷӯш зада мебаромад ва дар атроф ҳавои тозае ба машом мерасид. Долу дарахтон ба мисли нақшҳои нотамоми мусаввире аз якдигар фарқ карда меистанд ва аз дур кӯҳҳои Аруқ-тоғ чун дар кафи даст менамоянд.

Чилучорчашма бемуҳобот мӯъҷизаи рӯйи замин аст. Оби он ҳамеша як хел ҳаракат дошта, асосан макони ширмоҳӣ мебошад. Галаи ширмоҳиҳо дар қаъри об пайдо гашта, оҳиста-оҳиста шино мекарданд. Тарзи шинокунии моҳиҳо рақси гулдухтаронро мемонад. Моҳиҳо аз чизе наҳаросида, бемалол пеш мерафтанд. Пулакчаҳои зебои онҳо дар зери шуои офтоб, дар таги оби шаффоф намоёнанд.

Ин зебоӣ, ҳусну малоҳати ширмоҳӣ чунон табиӣ ба чашм мерасад, ки хоҳу нохоҳ мафтун мешавӣ. Маро рақсу бозӣ, нозу карашмаи гулмоҳӣ писанд афтод. Хаёлам ҳеҷ ҷонзоди дигаре наметавонад ба тарзи ҳаёти ширмоҳӣ монеъ гардад. Ва танҳо ширмоҳӣ ҳокими асосӣ ва доимии Чилучорчашма мебошад. Аммо гумонам тамоман хом будааст.

Чанд лаҳза пас ғайричашмдошт ногаҳон галаи ширмоҳиён титу парешон шуданд. Ё ба назарам намуд, ки дар як нафас об холӣ шуду яке мормоҳӣ пайдо гашт. Морҳои обӣ чунон тез ба тӯъмаи худ ҳуҷум карданд, ки ҷонзоде пайхас нашуд.

Морҳои обӣ чанде майдонро давр зада, боз болои об баромаданд. Дидам, ки бепарвоёна аз пайи тӯъмаи хеш равонанд.

Пайдост, ки ҳатто дар чунин як гӯшаи афсонавӣ дӯсту душманӣ ҷой дорад. Мормоҳӣ ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ нест, ки ширмоҳӣ ин ҷо озодона сайр намояд.

Мушоҳида намудам, ки пас аз гум шудани морҳои обӣ ширмоҳиҳо як-як пайдо шудан гирифтанд. Ширмоҳии калонтаре, ки пеш-пеши онҳо ҳаракат дошт, ҳоло ҳам метарсид, балки аз душмани азалии худ – мормоҳӣ бим дошт. Ширмоҳӣ ҳамроҳонашро ба сабру таҳаммул хоста худ пештар шино кард, ки яке чашмаш ба мормоҳӣ афтод. Мормоҳӣ аз паси шохаи шикастае пайдо шуду яку якбора ба ширмоҳӣ ҳуҷум кард… Тӯъмаашро зада, мутеъ сохт. Ин манзараи дилгирро дида, дарк кардам, ки дар зери об низ моҳиҳо ором нестанд. Ҳарчанд ки оби он софу пок, тозаю шаффоф метобад, боз дар қаъри Чилучорчашма қувваҳои некӣ-бадӣ дар талош мебошанд. Вале ман медонам, ширмоҳӣ ҳамеша ғолиб мебарояд, назди мормоҳӣ асло сар хам намекунад.

Чашмаҳои Чилчанор 

Ба зери Чилчанор гулҳо муаттар,

Равон аст чашмае чун ҳавзи кавсар.

Дар миёни Чилчанори бузург ҳавзҳои зебо, чашмаҳои зулол арзи ҳастӣ доранд. Ҳангоме ки мардум аз кор фориғ мешаванд, таги чинорҳо омада, дам мегиранд.

Ин дам ҳофизи шинохта, шоир Қурбоналӣ Раҷаб дуторашро ба даст гирифта, беихтиёр нохун мезанад. Ду тори ҳамрози дили нозуки ӯ хаёле нолаву шеван доранд. Садои ошнои ҳофиз бо дутораш ҳамроҳ гашта, қиссаи фаромӯшшудаеро замзама мекард. Чашмаҳои як вақтҳо машҳури Чилчанор имрӯз аз нав эҳё мешаванд. Ҳангоме аз қаъри чашма оби хунуки ҷонбахш ҷӯш зада, мебарояд, дар таги чинорҳо базми шеъру суруд метафсад.

Мӯйсафедон хушгӯиҳои Саидалӣ Вализодаро ёд карда, хуб механданд. Ин латифаҳо, қиссаҳои намакини онҳо аз қалби поки инсонҳои соҳибдил садо медиҳад. Ба ин гуфтугӯи онҳо гӯш дода, ба хотир меорам, ки чӣ гуна шоирону адибони ин сарзамини афсонавӣ зери ин чинорҳои таърихӣ шеърхониҳо намудаанд.

Гӯё аснои вазиши шамол шоху панҷаҳои онҳо алвонҷ хӯрда, бо садои резиши оби чашмаҳо ҳамнаво мегашту қиссаи ширинеро ҳикоят менамуд. Ҳоло бо иқдоми одамони хайрхоҳ чашмаҳои Чилчанор ободу зебо гаштаанд, оби мусаффои он ба сад дард давост.

Кош дигар чашмаҳои кӯҳистонро низ чун чашмаҳои Чилчанор обод мекарданд, фаввораҳо пайдо мешуданд ва аз мавҷи об атроф муаттар мегашт. Ин гуна чашмаҳои афсонавӣ дар Ховалинг хеле зиёданд. Ҳар кадом ба худ сарнавишту саргузашти аҷибе дорад. Ин афсонаю қиссаҳо дар резиши обшорон садо медиҳад…

Ҳангоме ки об мерезад, ҷараёни он ба соҳилҳо бархӯрда, мусиқии ширине тавлид мегардад. Ин мусиқӣ ифшогари розу қалби обҳои мусаффост.

                                                          Маҷид САЛИМ,
нависандава публисист, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ

АКСҲО аз АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

Ноябрь 29, 2021 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дари худро ба рӯйи сокинону сайёҳон боз намуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид