Пагоҳ бозиҳои даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд

Ноябрь 18, 2021 10:54

ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 19, 20 ва 21 ноябр  дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд. 19 ноябр  дастаҳои футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, 20 ноябр «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Истаравшан»-и шаҳри Хуҷанд, КМВА-и шаҳри Душанбе  бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва 21 ноябр дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе миёни ҳам рақобат мекунанд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бозиҳои даври 24 Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардиданд. Дар ин давр дастаи футболи  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ аз дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардид.

Шаҳзодҷон Маъмурҷонов дар дақиқаи 45-уми бозӣ ҳисобро ба нафъи мизбонон кушод. Дар дақиқаҳои иловагии нимаи аввал бозингари дастаи  «Хуҷанд» Комрон Турсунов аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф расонида, ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 59-ум Олимҷон Каримов голи пирӯзиро ба нишон расонид.

Дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бар  дастаи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд низ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои бохтариҳоро Сорбон Авғонов ва Парвиз Боқӣ-Охунов ба нишон расониданд. Голи дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро Ҷаҳонгир Эргашев ба ҳадаф расонид.

Дар бозии дигари ин давр дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   дастаи КМВА-и шаҳри Душанберо бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуд. Рёта Нома дар дақиқаи 6 ҳисобро ба нафъи  дастаи футболи  «Истиқлол» кушод. Ҳамдастагонаш Андрей Мишенко дар дақиқаи 15 ва Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 21 аз пеналтӣ ду голи дигар заданд. Ба се голи истиқлолиҳо бозингари дастаи артиш Шарафҷон Солеҳов бо як гол ҷавоб дод.

Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб дар бозии дигари ин давр бар дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб бо шарофати зарбаҳои нишонраси Муҳаммадшарифи Саидхоҷа ва Эффаҳ Кингслей Осей соҳиби се хол гардид.

Дастаи  футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  дар бозии хонагӣ бар дастаи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Дар ҳайати дастаи  «Кӯктош» Азизбек Султонов ду гол, Амирҷон Сафаров як гол заданд.

 Чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 24-ум

«Истаравшан» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Шаҳзодҷон Маъмурҷонов, 45 (1:0). Комрон Турсунов, 45+2 –пеналти (1:1). Олимҷон Каримов, 59 (1:2).

«Хатлон» – «Эсхата» – 2:1

Голҳо: Сорбон Авғонов, 7 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 35 (1:1). Парвиз Боқӣ-Охунов, 85 (2:1).

Лигаи футболи Тоҷикистон.  Даври 24-ум

«Истиқлол» — КМВА — 3:1

Голҳо:  Рёта Нома, 6 (1:0). Андрей Мишенко, 16 (2:0).  Шервонӣ Мабатшоев, 21 аз пеналти (3:0).  Шарафҷон Солеҳов, 70 (3:1).

Пас аз натиҷагирии 24 даври бозиҳо чун пешина дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пешсаф буда, 58 хол дар ихтиёр дорад. Дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо 13 хол камтар (45) дар ҷои дуюм аст.

КМВА, ки холҳояш ба 36 адад расидааст, мавқеашро барои медалҳои биринҷӣ мустаҳкамтар кард.

 

ҶОЙИ   ДАСТАҲО                      Б      Ғ      М      Б      Т-Т       Х
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  23  18  4  1  57-7  58
 2 «Хуҷанд» (Хуҷанд)  22  13  3  5  43-21  45
 3  КМВА (Душанбе)  22  10  6 7  33-26  36
 4  «Истаравшан» (Истаравшан)  23  9  5  9  24-22  32
 5 «Хатлон»(Бохтар)  23  9  5  9  23-27  32
 6  «Эсхата» (Хуҷанд)  23  8  3  12  29-40  27
 7  «Равшан» (Кӯлоб)  22  6  8  8  22-26  26
 8  «Файзканд» (Восеъ)  22  5  5  12  15-29  20
 9  «Кӯктош»(Рӯдакӣ)  22  5  5  12  31-50  20
 10 «Душанбе» (Душанбе)  22  4  6  12  21-50  18

                                                                АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 18, 2021 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) рӯзи сеюми тамринҳоро дар Давҳа ба анҷом расонид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
ФУТБОЛ. Бозиҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд
ФУТБОЛ. «Истиқлол» дар бозии дӯстона дастаи «Регар-ТадАЗ»-ро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Чаҳор довар аз Тоҷикистон дар қисми финалии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) ҳакамӣ менамоянд