Прокуратураи генералӣ: Давлятовҳо ба ҳабс гирифта шуданд

Ноябрь 2, 2021 08:47

ДУШАНБЕ, 02.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлятова Азиза Турсуновнаро бо ҷурми суиқасди одамкушӣ ва Давлятов Лутфулло Давляталиевичро бо гуноҳи азобу уқубат ба ҳабс гирифт. Дар ин бора аз Прокуратураи генералӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Прокуратураи генералӣ муроҷиати шаҳрванд Алимова Зулфияро оид ба бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба Муассисаи давлатии «Шифобахш»-и шаҳри Душанбе (Қарияи боло) бистарӣ шудани духтараш Мамаҷонова Мадина Амоновна, ки тавассути воситаҳои ахбори омма ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, мавриди баррасӣ қарор дод.

Тибқи иттилои манбаъ, маводи қаблан санҷидашуда аз воҳиди тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб карда, омӯхта, ба пешбурди Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ қабул карда шуд. Аз натиҷаи он нисбат ба Давлятова Азиза Турсуновна бо қисми 3, моддаи 32, қисми 1 моддаи 104 (суиқасди одамкушӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шавҳараш  Давлятов Лутфулло Давляталиевич бо банди “в” қисми 2, моддаи 117 (азобу уқубат) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон ба ҳабс гирифта шуданд.

Зикр карда шуд, ки айни ҳол тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва бо иштироки Раиси Суди шаҳри Душанбе ҷаласа доир намуданд. Дар он масъалаи рафти тафтишоти пешакӣ ва корҳои анҷомдодашуда аз рӯи ҳодисаи ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштани шаҳрванд Мадина Мамадҷонова баррасӣ гардид.

Раиси шаҳр ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур доданд, ки барои тафтиши ҳаматарафаю шаффофи парвандаи ҷиноятӣ тадбир андешанд.

 

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 2, 2021 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд