Ректори ДТТ дар Форуми олимони ИДМ дастовардҳои Тоҷикистонро дар соҳаҳои техника ва технология муаррифӣ намуд

Ноябрь 26, 2021 10:31

ДУШАНБЕ, 26.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 25-26 ноябр дар Минск Форуми III олимони кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) ба номи академик М.С.Осимӣ Қудрат Давлатзода иштирок дорад.

Тавре аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Қудрат Давлатзода дирӯз дар қисмати ифтитоҳии форум вобаста ба тақвият ёфтани ҳамкорӣ миёни кишварҳои ИДМ дар самти илм, техника, технология, рушди робитаҳои судманди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва пешбурди босамари фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ маърӯза карда, дастовардҳои Тоҷикистонро дар самти омодакунии мутахассисони соҳаҳои техника ва технология муаррифӣ намуд.

Дар Форум қариб 150 нафар роҳбарон ва олимони варзидаи академияҳои илмҳо ва марказҳои бузурги илмию тадқиқотӣ, ташкилоти таълимии давлатҳои узви Иттиҳод, роҳбарият ва масъулини Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок доранд.

АКС: ДТТ

Ноябрь 26, 2021 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд