Ректори ДТТ дар Форуми олимони ИДМ дастовардҳои Тоҷикистонро дар соҳаҳои техника ва технология муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 25-26 ноябр дар Минск Форуми III олимони кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) ба номи академик М.С.Осимӣ Қудрат Давлатзода иштирок дорад.
Тавре аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Қудрат Давлатзода дирӯз дар қисмати ифтитоҳии форум вобаста ба тақвият ёфтани ҳамкорӣ миёни кишварҳои ИДМ дар самти илм, техника, технология, рушди робитаҳои судманди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва пешбурди босамари фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ маърӯза карда, дастовардҳои Тоҷикистонро дар самти омодакунии мутахассисони соҳаҳои техника ва технология муаррифӣ намуд.
Дар Форум қариб 150 нафар роҳбарон ва олимони варзидаи академияҳои илмҳо ва марказҳои бузурги илмию тадқиқотӣ, ташкилоти таълимии давлатҳои узви Иттиҳод, роҳбарият ва масъулини Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок доранд.
АКС: ДТТ








Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад






