Ронандаи дағалрафтори «Автобус»-и хатсайти №8 ҷаримабандӣ ва аз кор ронда шуд
ДУШАНБЕ, 20.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ронандаи автобуси хатсайти №8 –и пойтахт Бахтиёр Назаров барои рафтори дағалонааш нисбат ба мусофири ин хатсайт шурӯъ аз 19 ноябри соли равон аз ҳаққи фаъолият дар нақлиёти мусофиркашонӣ маҳрум карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, шоми 18-уми ноябри соли ҷорӣ як нафар ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе бо нашри муроҷиат дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук аз мақомоти дахлдор хоҳиш намуд, ки нисбат ба ронандаи «Автобус», рақамҳои қайди давлатиаш 8705ТТ05, ки дар хатсайри №8 фаъолият дорад, чораҳои қонунӣ андешида шавад.
Ба иттилои муроҷиаткунанда, ронандаи автобус хилофи талаботи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ амал намуда, барои ба таври нақдина насупоридани маблағи роҳкиро ва истифодаи корти нақлиётӣ аз ҷониби як нафар ҷавондухтари тахминан 12-13 сола ғазабнок шуда, нисбати охирон хилофи маданияти ронандагӣ бо садои баланд дағалгуфторӣ намуда, оромии дигар мусофиронро халалдор ва рафтори зиддиҳуқуқӣ содир намудааст.
Муроҷиати мазкур боиси вокуниши шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, дар зимн аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намудаанд, ки нисбат ба ин ронандаи дағалрафтор чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои фаврӣ-санҷишӣ ронандаи хатсайри зикргардида муайян ва ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуд.
Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Назаров Бахтиёр Алишерович, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Махсумов-125, ронандаи ККВД «Авбобус-1» мебошад. Зимни пурсиши шоҳидон ва санҷиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи мазкур гуноҳи содирнамудаи ронанда тасдиқи худро ёфт.
Вобаста ба ин нисбат ба Назаров Бахтиёр тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд. Бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 420 сомонӣ таъйин карда шуд. Илова бар ин, номбурда барои ин кирдори содирнамудааш, шурӯъ аз 19.11.2021 аз ҳаққи фаъолият дар нақлиёти мусофиркашонӣ маҳрум карда шуд.
Ҳамзамон дар доираи муроҷиати мазкур ҷиҳати аз байн бурдани рафтори дағалонаи ронандагон бо мусофирон аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе бо ронандагону кормандони ККВД «Автобус-1» корҳои профилактикӣ гузаронида шуд.
АКСҲО: Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе









Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






