Рустам Назарзода ва Октавиан Бивол коҳиши хатари офатҳои табииро баррасӣ намуданд

Ноябрь 2, 2021 09:55

ДУШАНБЕ, 02.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Сардори Кумита, генерал-полковник Рустам Назарзода  бо Сарвари Дафтари минтақавии Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Октавиан Бивол баргузор шуд, хабар доданд аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Генерал-полковник Рустам Назарзода ба Октавиан Бивол дар бораи корҳои анҷомёфта дар самти идораи ҳолатҳои фавқулода дар кишвар маълумот дод. Мавсуф оид ба ҳамкории байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ дар ин самт, инчунин кумакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида ва бартараф намудани пайомадҳои он ибрози назар намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак миёни ду идора оид ба вокуниш ба офатҳо, омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисон ва масъалаҳои дигарро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Октавиан Бивол барои пазироии хуш изҳори сипос намуда, ба фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирӣ ва рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ баҳои баланд дод.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба рушди ҳамкории дуҷониба дар самти коҳиши хатари офатҳо изҳори умед карданд.

 АКС: КҲФ ва МГ

Ноябрь 2, 2021 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад