СҶТ: Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти коҳиши фавти модар ва кӯдак ба пешрафти назаррас ноил шудааст

Ноябрь 1, 2021 09:21

ДУШАНБЕ, 01.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Илкер Дастан пешрафти назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти коҳиши фавти модар ва кӯдак зикр намуд. Ин нукта дар ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории байниидоравии «Тандурустӣ» дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

29 октябр Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории байниидоравии «Тандурустӣ» баргузор намуданд.

Дар ҷаласа аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ бо нақши Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун платформаи таҳияи сиёсати умумии рушди устувор, вазифа ва функсияҳои гурӯҳи корӣ, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад, шинос шуданд.

Иштирокчиёни нахустҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаҳои тандурустӣ, инчунин дастоварду мушкилоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва дигар барномаҳои соҳавиро дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) муҳокима намуданд.

Дар вохӯрӣ намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Илкер Дастан, ки дар ин нишаст ширкат дошт, пешрафти назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти коҳиши фавти модар ва кӯдак зикр кард. Монеаҳои асосии ноил шудан ба системаи пурзӯри ҳифзи саломатӣ, аз қабили сифати хизматрасонӣ, фарогирии нокифояи табақаҳои осебпазири ҷомеа ва системаи заифи кадрӣ дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷоми ҷаласа модули омӯзишӣ барои тақвияти иқтидори аъзои гурӯҳи корӣ гузаронида шуд, ки то 30 октябр идома ёфт. Ҳадафи асосии модули омӯзишӣ ба иштирокчиён таълим додани асосҳои банақшагирии стратегии соҳавӣ, сафарбарнамоии захираҳо, инчунин низоми мониторинг ва арзёбӣ мебошад.

Бо мақсади такмил додани низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ ва ҲРУ, котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ ташкил медиҳад, ки аз намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шарикони рушд иборатанд. Дар маҷмӯъ 14 гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд мувофиқи самтҳои соҳавии рушди фарогири афзалияти Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва ҲРУ ташкил карда шудаанд.

АКС аз сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Ноябрь 1, 2021 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд