Сафири Тоҷикистон бо Волии шаҳри Анқара мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Волии шаҳри Анқара Васип Шаҳин баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот доираи васеи масъалаҳо вобаста ба ҳамкорӣ миёни ду кишвар, бахусус бо шаҳри Анқара дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва дурнамои ин ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар маҷмӯъ, вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мусоҳибаи хубу доманадор барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ сурат гирифт.
АКС: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






