САМБО. Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов ва Табрезшоҳ Парпишоев соҳиби медалҳои чемпионати ҷаҳон шуданд
ДУШАНБЕ, 15.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи сеюми Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Табрезшоҳ Парпишоев дар мусобиқаи самбои размӣ дар вазни 79кг ба гирифтани ҷои сеюми ифтихорӣ мушарраф шуд. Ӯ дар нимфинал аз варзишгари мизбон Фурқат Рӯзиев мағлуб гардид, хабар доданд аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон чемпионати ҷаҳонро бо се медал – 1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ анҷом дод. Тавре қаблан хабар дода будем, дар рӯзи аввали рақобатҳо дар самбои варзишӣ Акмалиддин Каримов (-58кг) ба гирифтани медали тилло, Хушқадам Хусравов (-64кг) ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуданд.
Хотиррасон мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо 12-14 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 нафар – 11 мард ва як бону дар ин мусобиқа ширкат карданд.
Фонди ҷоизавии Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо 231 000 долларро ташкил дод. Чемпионҳо 4000 доллари ИМА, барандагони медали нуқра 3000 доллар ва барандагони медали биринҷӣ 2000 доллари ИМА ҷоиза гирифтанд.
Акмалиддин Каримов нафари панҷум аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар намуди самбо ба дарёфти унвони чемпиони ҷаҳон шарафёб мешавад. Соли 2005 Сайриддин Икромов, соли 2009 Эраҷ Раҳимов дар самбои размӣ, соли 2017 Беҳрӯз Хоҷазода ва соли 2018 Хушқадам Хусравов дар самбои варзишӣ чемпиони ҷаҳон шуда буданд.
Самбочиёни мо аз соли 1993 дар чемпионати ҷаҳон иштирок мекунанд ва то имрӯз 48 медал – 5 тилло, 16 нуқра, 27 биринҷӣ ба даст овардаанд.
АКСҲО: ТВ «Варзиш»










Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






