Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Дабири кулли СММ Ғода Фатҳӣ Волӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 29.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид-мудири иҷроияи Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ғода Фатҳӣ Волӣ мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар мулоқот муҳимтарин масъалаҳои дуҷонибаву бисёрҷониба дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои зертобеи он мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, барои боз ҳам тавсеа бахшидани ҳамкории дуҷониба ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ, терроризму ифротгароӣ, қочоқи инсон, ҳифзи сарҳадот ва таҳкими зарфияти кормандони сохторҳои зиддимухадиротӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.
Мавриди зикр аст, ки дар 30 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷонибдори сулҳ ва амнияти байналмилалӣ шуҳрати ҷаҳонӣ касб намуда, баҳри сулҳофаринӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ дар мубориза бо таҳдидҳо ба амният ва субот, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, қочоқи инсон ва дигар амалҳои номатлуб пайваста тадбир меандешад.
Дар идомаи ташаббус ва иқдомот солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм ва пешгирии омилҳои он, сарчашмаҳои маблағгузории он соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Мубориза бо терроризм ва пешгирии экстремизми хушунатомез” ва соли 2019 Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар сатҳи мубориза бо маблағгузории терроризм тавассути қочоқи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои муташаккил” баргузор намуда, дар ин самт оянда низ бо иқдому талошҳои муваффақона чораҳҳои мушаххасро амалӣ месозад.










Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






