Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли ЮНЕСКО Одрӣ Азуле мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр дар шаҳри Париж дар ҳошияи иштирок дар иҷлосияи 41-уми Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли ЮНЕСКО Одрӣ Азуле баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ба сатҳу муҳтавои муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО таҳти роҳбарии хонум Одрӣ Азуле дар созмон баҳои баланд дода, ҳамзамон мавсуфро аз номи роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати интихоб гардиданаш ба мансаби Мудири кулли ин созмон ба муҳлати дуюм бо изҳори дастёбӣ ба комёбиҳои нави касбӣ табрику таҳният гуфт.
Ҷониби Тоҷикистон ба Мудири кулл барои мусоидат дар баргузорӣ ва иштироки бевосита дар якҷоягӣ бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукӯҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО (14 октябри 2021) арзи сипос намуда, баҳри расидан ба дастовардҳои нави ҳамкории Тоҷикистон дар кулли самтҳои салоҳияти созмон зимни ваколати навбатии хонум Одрӣ Азуле умеду боварӣ иброз кард.








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






