Соҳибкорони Суғд ва Красноярск хостори таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ шуданд

Ноябрь 25, 2021 15:02

ДУШАНБЕ, 25.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд қариб 700 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар ин корхонаҳо 200 номгӯй маҳсулот истеҳсол мегарданд. Ин нукта дар вохӯрии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири Марказӣ Рафаел Шагиев ва гурӯҳи соҳибкорон аз кишвари Красноярски Федератсияи Русия баён гардид, иттилоъ доданд аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».

Зимни вохӯрӣ зикр шуд, ки дар соҳаи кишоварзӣ низ имконият барои тавсеаи ҳамкорӣ фаровон буда, ҳарду тараф метавонанд бо ташкили корхонаҳои муштарак коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ба роҳ монанд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки бо сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин равобит миёни минтақаҳои ҳарду кишвар дар ҳоли рушд буда, вилояти Суғд дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо якчанд минтақаҳои Русия, аз ҷумла Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Свердловск, Нижегород, Алтай ва Ҷумҳурии Доғистон ҳамкории пурсамар дорад.

Тазаккур дода шуд, ки маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон дар Русия серхаридор аст ва доираҳои соҳибкории ҳарду минтақа метавонанд барои содироти меваи хушку тар, маҳсулоти пахтагин, консерва, обҳои нӯшокӣ тарҳҳои нав амалӣ созанд. Вилояти Суғд барои воридсозии чӯбу тахта, ғалла ва дигар маҳсулот ҳавасманд аст.

Рафаел Шагиев аз истиқболи самимӣ изҳори сипос карда, иброз дошт, ки дар ин сафар ӯро гурӯҳи соҳибкорон ҳамроҳӣ доранд. Соҳибкорони рус давоми чанд рӯз аз корхонаҳои саноатии вилояти Суғд боздид карда, барои густариши робитаҳо аз имконияти мавҷуда истифода хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки пас аз мулоқот дар меҳмонхонаи «Суғдиён» ҳамоиши доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва кишвари Красноярск оғоз ёфт. Тоҷирон доир ба имконияти мавҷуда ва роҳҳои рушди ҳамкорӣ миёни ҳам гуфтугӯ менамоянд.

Аксҳо аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 25, 2021 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд