«Tajikistan Fashion Week» — муаррифи олами мӯд дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 20 ноябр пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон -шаҳри Душанбе мизбони фасли ҳафтуми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон — Tajikistan Fashion Week мегардад. Ин намоиши муҳими фарҳангӣ, ки бо ибтикор ва ташаббуси Иттиҳодияи эҷодии «T&Z» ва дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, шоми имрӯз дар Душанбе дар маросими ботантана бо ҳузури намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, тарроҳони шинохтаи кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Эрон, Кипр, Аморати Муттаҳидаи Араб, Украина, Фаронса ва Марокко, инчунин ҳунармандону санъаткорон ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА.
Тавре роҳбари Иттиҳодияи эҷодии «T&Z» ва асосгузори «Tajikistan Fashion Week» Тоҳир Иброҳимов зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ гуфт, дар мавсими ҳафтуми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон асосгузорон ва тарроҳони машҳури кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аввалин бор поягузори Ҳафтаи мӯди Париж «Oriental Fashion Shov Paris» хонум Хинд Ҷоудар бо тарроҳонаш иштирок намуданд.
Ба андешаи Тоҳир Иброҳимов, баргузории Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ташаккул ва муаррифии тарҳҳои нави тарроҳони кишварҳои дунё, ки дар Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон иштирок доранд, саҳми муносиб мегузорад. Ин намоиши фарҳангӣ ҳамзамон дар самти ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ байни тарроҳони кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, ҷалби меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ва дар маҷмӯъ, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари фарҳангӣ ва сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Дар фасли ҳафтуми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон тарроҳони шинохтаи кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Эрон, Кипр, Аморати Муттаҳидаи Араб, Украина, Фаронса ва Марокко- дар маҷмӯъ 22 нафар тарроҳон ва брендҳои машҳур ширкат намуда, коллексияҳои худро пешниҳоди дӯстдорони олами мӯд мегардонанд.
Фасли ҳафтуми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон- «Tajikistan Fashion Week» дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуда, қадами устуворест дар самти таҳкими равобити фарҳангию дӯстӣ миёни тарроҳони кишварҳои хориҷӣ, сайқал додани ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ. Дар шоми аввали баргузории «Tajikistan Fashion Week» коллексияҳои тарроҳи машҳури Эрон Обид Маҳфуз ва поягузори Ҳафтаи мӯди Париж «Oriental Fashion Shov Paris», тарроҳи фаронсавӣ Хинд Ҷоудар пешкаши ҳаводорони дунёи мӯд гардонида шуданд.
Дар фасли ҳафтуми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон- «Tajikistan Fashion Week» аз Тоҷикистон се нафар тарроҳ ва 12 нафар донишҷӯёни беҳтарини риштаи тарроҳии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон коллексияҳои нави худро пешкаши дӯстдорони олами мӯд мегардонанд. Ҳамзамон дар «Tajikistan Fashion Week» брендҳои ҷаҳонӣ, ки ба истеҳсоли либос машғуланд ва бренди онҳо аллакай шинохта шудааст, ширкат менамоянд. Дар доираи баргузории фасли ҳафтуми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон инчунин мулоқоти тарроҳони кишварҳои иштирокунандаи «Tajikistan Fashion Week» доир гардида, масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ матраҳ мешаванд.
Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон- «Tajikistan Fashion Week» соли чорум аст, ки баргузор гардида, ҳамчун таҷрибаи пешқадами олами мӯд дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон эътироф гардидаааст.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»























Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд






