Тоҷикистон дар ҷаласаи 89-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол» ҷиҳати мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ пешниҳодҳои судманд манзур намуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории ҷаласаи 89-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол» дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ якчанд таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи баргузории ҷаласаи 89-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол» дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ҳузур дорад, дар қатори баррасии мавзӯъҳои муҳими байналмилалӣ бо ҳайатҳои гуногуни давлатҳои аъзои ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Чин, Кореяи ҷанубӣ, Колумбия, Сингапур, Узбекистон мулоқоту мубодилаи афкор сурат гирифт.
Зикр карда шуд, ки дар ҷараёни вохӯриҳо сардори Бюрои Миллии Марказии «Интерпол»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳриёр Назриев, муовини роҳбари дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ Умарҷони Эмомалӣ ва ваколатдори калони фаврӣ оид ба корҳои махсусан муҳими БММ «Интерпол»-и ВКД Амонулло Абдуллоев иштирок намуда, масоили ҳамкориро баррасӣ намуданд.
Дар хотимаи ҳар вохӯрӣ ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, ҷиҳати рушду густариш ёфтани ҳамкорӣ изҳори боварӣ намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки ҷаласаи 89-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол» дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия 22 ноябр оғоз гардида, 25 ноябр ба анҷом расид.
АКС: ВКД ҶТ








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






