Ёвари Мудири кулли ЮНЕСКО ба нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои глобалии об баҳои баланд дод

Ноябрь 12, 2021 08:23

ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар шаҳри Париж дар ҳошияи иҷлосияи 41-уми Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо Ёвари Мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ хонум Шамила Наир-Бедуэлле доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот мавзӯъҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ роҷеъ ба об ва иқлим баррасӣ шуда, Сироҷиддин Муҳриддин бо изҳори сипос ҳамкории судманди ЮНЕСКО-ро дар ин бахшҳо зикр кард. Ҷониби Тоҷикистон ҳамзамон аз намояндаи ЮНЕСКО ҷиҳати ҳамкории Созмон дар баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар соли 2022 дар шаҳри Душанбе ва пайгирии ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба масъалаи обшавии пиряхҳо даъват ба амал овард.

Дар навбати худ хонум Шамила Наир-Бедуэлле аз ҳамкориои самаранок бо Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, нақши Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои глобалии об баҳои баланд дод.

Намояндаи ЮНЕСКО омодагии ин ниҳоди бонуфузро барои дастгирии минбаъдаи ҳамаи чорабиниҳои ба нақша гирифташуда дар масъалаҳои глобалии вобаста ба об, ки бо ташаббуси Тоҷикистон гузаронида мешаванд, иброз дошт.

АКС: ВКХ ҶТ

Ноябрь 12, 2021 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд