Замони баргузории Чемпионати 12-уми ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон муайян шуд

Ноябрь 4, 2021 09:18

ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 19 декабри соли 2021 дар шаҳри Истанбули Туркия Чемпионати 12-уми  ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон баргузор мешавад, хабар доданд аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон   ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».

Макони баргузории чемпионат маҷмааи варзишии «Басаксеҳир» интихоб шудааст, ки шароити тамрин ва машқи бадан дорад. Инчунин дар атрофи маҷмаа ҳавзи шиноварӣ низ ҳаст. Муҳорибаҳо 7 декабр оғоз мегарданд, қисмати финалиро метавон 18 декабр тамошо кард. Мисли чемпионати ҷаҳон миёни мардҳо барои бонувон низ ҷоизапулӣ пешбинӣ шудааст: барои ҷои аввал — 100 000 доллари ИМА, ҷои дуюм – 50 000 ва ҷои сеюм — 25 000 доллари ИМА.

Хотиррасон мекунем, ки аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон соли 2001 – бист сол пеш – дар Скрэнтони ИМА доир гардида буд. Баъдан шаҳрҳои Анталия, Подолск, Деҳлӣ (ду маротиба), Нинбо, Бриҷтоун, Синхуандао, Ҷеҷу, Остона ва Улан-Удэ мизбони ин мусобиқа буданд.

Бонувони варзишгар  дар  шаҳри Истанбули Туркия аз рӯи 12 категорияи вазнӣ сабқат мекунанд: 48кг; 50кг; 52кг; 54кг; 57кг; 60кг; 63кг; 66кг; 70кг; 75кг; 81кг; +81кг.

                                                                                                                      АКС аз КМО Тоҷикистон

Ноябрь 4, 2021 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд