ЗАРГУЛДОР. Онро олимон паррандаи сол дар Тоҷикистон эълон намуданд
ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Заргулдор (Иволга) парандаи соли 2022 интихоб гардид. Ин қарорро олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пас аз он ки ин паранда дар озмун аксари овозҳоро соҳиб шуд, қабул намуданд.
Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биология, узви вобастаи АМИТ Абдусаттор Саидов иброз дошт, ки дар ҳақиқат заргулдор бо номҳои зебои зарғов, духтари сӯфӣ миёни мардум машҳур буда, яке аз парандагони писандидаи дӯстдорони табиат мебошад. Заргулдор бо тарзи ҳаёти муътадил ва аҷиби худ дар табиат аз дигар парандагон фарқ мекунад. Тарзи лонагузорӣ ва тарбияи чўҷаҳо барои заргулдор хеле муҳим мебошад. Вай соле то се-чаҳор чўҷа бароварда, ба онҳо зуд тарзи парвозу шикор меомўзад.
«Заргулдорҳо озодагиро дўст дошта, ҳар сол лонаи худро аз нав таъмир мекунанд ва тухм мегузоранд. Лонаи ин парандаи аҷиб хеле нозукона аз лой, гилу ришта ва хас сохта мешавад ва онҳо ба инсон наздик буда, бештар дар ҷангал ва боғот лона мегузоранд. Заргулдор парандаи бисёр хушхон буда, ҳар гуна овозҳоро такрор мекунад ва чӯҷаҳояшро хеле дӯст медорад»,- гуфт ноиби президенти АМИТ.
Заргулдор то 100 грамм вазн дошта, дар дигар мамлакатҳо, аз ҷумла дар Африко бо номи заргулдори сиёҳча, дар Чин заргулдори сиёҳсар ва дар Ҳиндустон низ бо номи сиёҳсарак хеле зиёд паҳн шудааст. Ин паранда дар Федератсияи Русия ва ҷангалҳои Сибир бисёр ба чашм мерасад ва азбаски дар ин мавзеъҳо сурудхонӣ ва садои вай баланд аст, яъне мисли гурба овоз мебарорад, ӯро “гурбаи ҷангалӣ” низ ном мебаранд. Зеро овози заргулдор мусиқии доманадореро мемонад, ки дар худ асрореро пинҳон намудааст.
Ёдовар мешавем, ки озмун соли даҳум аст, ки дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби бахши табиатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологӣ баргузор мегардад. Ин навбат барои муҳокима 6 номгӯй парандагони нодиру аҷиби Тоҷикистон, ба мисли мусича, заргулдор, дурроҷи сиёҳ, кабутари ҷангалӣ, буми гӯшдароз ва чарғи думдароз пешниҳод шуда буданд, ки миёни онҳо заргулдор овози зиёд ба даст овард.
Дар зер ҳикояи Маҷид Салим оид ба заргулдор пешкаши хонандагон мегардад.
ЗАРГУЛДОР
Заргулдор аз барвақт омадани фасли гармо хурсанд шуд. Акнун ў бо бачаҳояш дигар хунук намехўрад. То баргаштан ба ин диёри сарсабз чӣ қадар азоб кашид. Кўҳу дара, роҳу бероҳаи дарозеро тай кард. Дар он кишварҳо тобистон – айёми гармиҳо ҳукм меронд. Аммо заргулдорро хумори баҳору гармо дар сар буд. Ў хаёлан парвозкунон худро дар миёни гулу буттаҳо медид. Оқибат баъди талошҳои зиёд ба бешаи шинос фуруд омад.
Заргулдор даррав аз паи сохтани лона шуд. Чор тараф парида, алафу хасбеда ҷамъ кард. Ҳангоми парвоз ба машомаш ҳавои тоза расида, аз бўи алаф, гулбуттаҳои нодир роҳат дошт. Заргулдор аз насими форами кўҳистон маст шуда, бол афшонд, бо нўлаш алафҳои хушкидаро дошта, муҷаддадан ба навдаи дарахти пир нишаст. Дарахти пир дар назараш сершоху навда ва шамолпаноҳ тофт. Дар баҳор, ки доим тундбоду шамол мевазад, ин ҷо макони орому сокит аст, аз дил гузаронд заргулдор. Дар болои навдаи андаке хамидаю сершохаю ҷо-ҷо шикаста мисли ришта хасро гузошт. Алафҳои ҷамъкардаашро болои ҳам чида, хуб минқор зад. Хеле заҳмат кашид. Лонаи сабадчамонанд аллакай нимтайёр шуд. Заргулдор парида, болои навда нишаст, то каме роҳат кунад. Акнун лонаи овезон мисли сабадчаи пури бутта миёни шоху панҷаи дарахт ҳамоил гашт. Бўи мушкбези ҷангал, дарахтони ғарқи гулу қабои сабзгуна ба баркарда ўро форид. Чашмонашро пўшида, яке ба фикр фурў рафт. Эҳ, агар ин дам дар бараш ёри бовафояш заргулдори нарина мешуд, чӣ қадар хушбахт буд. Хаёле ў аз дуриҳо овози шиноси заргулдорро шунид. Дўсташ аз миёнаи шоху баргҳо овоз баровард. Бо дарду ҳасрат суруд хонд. Охир ҳар баҳор онҳо дар ин ҷангал ишқварзӣ доштанд. Заргулдор мафтуни овози ёраш шуд. Яке овоз қатъ шуд ва ҷои нағмаи заргулдор садои мағшуши зоғу аккаҳои бераҳм баланд шуд. Ў фаҳмид, ки ба назараш тофтааст. Охир, заргулдори нарина дар роҳ – ҳангоми парвози дарозмуддат дар ҳифзи оилааш ҳалок шуд…
Он рўзи наҳс – ҳини бозгашт яке онҳо бо гурўҳи лочинҳо бархўрданд. Як лочини тезчангол рост ба ҳуҷум гузашт. Дар осмони нилгун муборизаи сахт шуд. Заргулдори нарина пай бурд, ки аз ин лочинҳои гурусна ҷон ба саломат бурдан гумон аст. Як илоҷ карда, бо имою ишора дўстдоштаашро фаҳмонд, ки фирор кунад. Бо роҳи фиреб заргулдор поёнтар бол кушода, нопадид шуд. Лочинҳо заргулдори наринаро миёнагир карда, минқор заданд. Панҷаҳои сахти лочин тани нозуки заргулдорро хуншор кард. Чашмони заргулдори нарина кўр шуданд. Ў дигар чизеро дида натавонисту якбора сарозер шуд. Заргулдор аз гўшае ҳамаи ин манзараи мудҳишро тамошо дошт, аз сустӣ ва ҷуссаи хурдаш хориаш омад. Бо дидаи ашкбор ноилоҷ онҳоро тарк гуфт.
… Акнун ба кадом ҷониб парвоз бикунам, охир солҳои пештар ҳар як ҷонвару паранда манзили алоҳидаи худашро дошт. Ягон ҳайвон қонунҳои табиатро вайрон намекард. Аз парандагон ҳам касе ҳад надошт, ки ба манзили бегона парвоз кунад. Ҳар ҷонвар дар ҳамон гўшаи ба худаш тааллуқдошта шикор мекарду халос, аз дил гузаронд заргулдор. Аммо ҳоло чӣ, баъзе ҷонварон ҳам аз одамон ёд гирифтаанд, ки оромии якдигарро халалдор месозанд ё баъзан дар манзили бегона шикор мекунанд. Вақтҳои охир аккаву зоғҳои шумхабар манзили заргулдорро хароб карданд. Онҳо намехоҳанд, ки ин парандаи афсонавӣ озодона зиндагӣ ва бачаҳояшро калон кунад. Дар ин фасл боз шумораи шикорчиён ҳам афзудааст. Лекин заргулдори зебо аз дигар чиз сахт ҳарос дорад. Ўро рафтори морҳои гушнаи беша сахт ба ташвиш овардааст. Соли гузашта ду маротиба мори сиёҳе ба лонааш ҳуҷум кард. Қариб буд, ки бачаҳояшро тамоман аз даст диҳад.
Ҳоло вай болҳояшро кушода, ноаён парида, рўи шохҳои баланди арчаи худрўе фуруд омад. Дар ин ҷо каме ба атроф, хомўшии муҳит гўш дода, самти ҳаракаташро муайян кардан хост. Бо қалби пурбим назди бачаҳояш баргашт. Заргулдорчаи хушранг дар атрофи лонаи навдаи дарахти пир беист равуо дошт. Ў аллакай бол бароварда, тариқи парвоз омўхта буд. Бисёр мехост, ки мисли очааш заргулдори зебосанам дар беша парвоз кунаду атрофро хубтар бинад. Бо парандаҳои дигар шинос шавад, табиатро омўзад. Охир дар ин хел фасли зебои сол –дар лона танҳо нишастан чӣ маънӣ дорад. Заргулдорча хост худсарона парвоз кунад, ки модараш пайдо шуд.
– Ҳа, куҷо меравӣ? – аз ў пурсид модараш.
– Дар лона танҳо нишастан ба дилам зад. Тамошои бешазор меравам.
– Якравӣ накун, ҳоло ту хурд астӣ, агар яке ба дасти зоғ ё море афтӣ, ҳалок мешавӣ!
– Зоғ чӣ хел паранда ҳаст, ки ба мо душманӣ дорад, – тааҷҷуб кард заргулдорча.
– Зоғ шумхабар асту бахил, овози хуб надорад, умре ба мо душман аст, – афзуд заргулдор. Боз чизе ба хотираш расид, ки бо овози андаке хаста илова кард. – Бачам, худо аз мор нигоҳ дорад. Агар мабодо ба дасти вай афтӣ, яқин ҳалок хоҳӣ шуд.
Заргулдорча ҳамоно якравӣ дошт. Модараш дид, ки дигар роҳ нест, гуфт.
– Хайр, майлаш, парвоз кун, аммо эҳтиёт бош!
Заргулдорча бол кушод. Қатори ниҳолҳоро гузашта, ба буттазори навруста фуруд омад. Вай бо панҷаҳои борику зебояш рўи буттаҳо, алафҳои худрўй ҷастухез карда, бо минқораки маҳинаш гулҳоро мепалмосид. Бўи гулҳои сиёҳгўшу лола, бойчечак, хайриву зардак хушаш омад. Ў бехабар аз олам дар зери нурҳои офтоб қанотак зада, овоз баровард:
«Ман дух-та-ри суфӣ,
Ман дух-та-ри суфӣ»…
Овози форамаш зуд ба атроф паҳн шуд. Дар як дам овози заргулдор то ба дуриҳо рафт. Зоғи сиёҳи наҳс аз хобаш бедор шуда, заргулдорчаро пайдо кард. Ба хонишу овози форами заргулдорча нафраташ омад. Дар назараш паранда боз зеботар намуд. Хеле ба қаноти зардчаю хушрўи ў нигоҳ кард. Оқибат ба нигоҳи заргулдорча тоб наовард, ки афзуд:
– Дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ, эй нодон!
– Ту худат кистӣ, ношуд!
– Ман шоҳи парандагонам, шоҳи ҳамин беша!
Хандаи заргулдорча омад. Аммо сир бой надода гуфт:
– Чӣ хел, магар бо ҳамин ҷуссаи хунуку сиёҳ?..
– Эй, ман духтари суфӣ гуфта аз худ нарав.
Заргулдорча чизеро пай бурд, ки гуфт:
– Ту магар зоғи сиёҳкор нестӣ?
– Инро ба ту кӣ гуфт, ҳа!
– Модарам.
Зоғ ба қаҳр омада, нохост ба ҳуҷум гузашт. Ў тефҳояшро тилтонда, ба ҳаво бархост ва рост ба сари заргулдорча фуруд омада, минқор зад. Парандаи навомўхт якбора мувозинаташро гум карда, қариб буд, ки якпаҳлў афтад. Заргулдорча бо азоб болҳои рангорангашро афшонда, бо тамоми қувваташ парвоз кард.
– Мо ба ту чӣ бадӣ кардем, эй зоғ. Ҳамаи мо парандаем-ку, – зорӣ кард заргулдорча. Чаро мо якдигарро нест мекунем?
Аммо зоғ ин суханҳоро намешунид, балки пайваста ба заргулдорча дармеафтод. Ў охирин қувваю мадорашро ҷамъ карда, маъюсона бол зад, ба боло ҳаракат кард, то аз чанголи зоғи сиёҳ халос хўрад. Бо душворӣ, азоби алим муяссараш шуд, ки оқибат худро аз таъқиби зоғ раҳо созад. Муҷаддадан парвоз карду парвоз ва болои дарахти пири беша фуруд омад. Рўи шохаҳои дарахт модарашро диду андаке ором шуд. Вале ҳоло ҳам бо тарсу бим меларзиду ҳарос дошт. Модари рамуздонаш фаҳмид, қанотҳои кандаю хунолуди бачааш ғамгинаш кард. Модар хомўшона болҳои бачаашро паҳн карда, нўл зад. Баъд ўро таги теф карда афзуд:
– Дидӣ, ки беша чӣ ҳол дорад?
– Модарҷон, ҳамааш нағз, атроф сабз, аммо зоғҳои сиёҳ маро таъқиб доштанд.
– Дигар асло танҳо ба тамошо марав, фаҳмидӣ. Заргулдорча бо аломати қаноатмандӣ худашро ба оғўши модар афканд. Заргулдорчаро хоб бурд. Ў дар бағали гарми модар боз бешаи сабзро дид…
Ана ҳамон рўзу шаб дар бешаи Полвонтуғай овози маҳину гуворои заргулдорчаро яке шунидам. Оҳиста-оҳиста пеш рафтам. Пайраҳаи шинос маро дарунтари беша бурд, зери поям алафҳои сабзи нодир садои паст дошт. Бо эҳтиёт аз миёни лухзор гузаштам. Болои сарам селаи парастуҳо парвозкунон гузашта рафтанд. Дар танаи дарахте эзорсурхак туқ-туқ-туқ дошт. Ҳоло бисёр мехостам, ки боз ҳамон овози зебои заргулдорро шунавам. Медонистам, ки заргулдорро зарғилдоқ, залғам, шоҳрух ва духтари суфӣ ҳам мегўяд. Парандаи биҳиштӣ аст, вале афсўс, ки умри хеле кўтоҳ дорад. Ҳоло дар табиат хеле кам боқӣ мондааст…
Ба таги дарахти пир омадаму яке чашмам ба лонаи сабадчамонанди заргулдор афтод. Дидам, ки онҳо дар лонаи худ роҳат доранд. Аз он ҷо гоҳ-гоҳе овози аҷиби заргулдор меомад. Вай суруд мехонду гўё ин дам касеро наздаш даъват дошт. Ё маҳбуби барвақт аз даст додаашро меҷуст, ки нолишкунон мехонд:
Ман дух-та-ри суфӣ…
Тамошои ин манзара ба хотирам ривояти қадимаеро овард. Гўё замоне ин заргулдорбачаҳо пару бол бароварда, ба падару модари худ мегўянд:
– Оча, барои чӣ қанотҳои мо мисли болу пари шумо зебо нест?
– Падар, мо кай соҳиби ҷомаи рангине мисли шумо мешавем?
– Камтар сабр кунед. Ҳамин, ки ба кишварҳои гарм сафар кардем, ҳамаи шумо соҳиби ҷомаи домодӣ мешавед, дар фасли гармо бошад, арўсҳои нозанини худро пайдо хоҳед кард, мегўяд волидайн.
Ин ривоят то ҷое ҳақиқат ҳам дорад. Охир заргулдорчаҳо маҳз дар баҳор болу пари садранг, мисли ҷомаи домодӣ доранд-ку, аз дил гузарондам ман.
Ин дам нохост аз лонаи сабадчамонанд овози имдодталабонаи заргулдор баланд шуд. Фаҳмидам, ки агар ба сари паранда мусибат ё хатаре таҳдид кунад, онҳо бо тамоми овоз ғирев мебардоранд. Чашмам яке ба танаи дарахт афтод. Манзараи ҳузноваре буд. Мори калони хокистарранге чўҷаи заргулдорро фурў мебурд. Мор фишшос зада ҳалқа мезад, пеш мехазид, печутоб мехўрд. Мор якбора луқмаашро фурў бурда, боз ба лонаи заргулдор ҳуҷум кард. Хост оча заргулдорро фурў барад. Дарозии мор аз якуним метр зиёдтар буд. Мори бадҳайбат думашро моҳирона ба шохе печонда буд, то наафтад. Мор ҳар замон сарашро болою поён мекарду тоб мехўрд, аммо намеафтид.
Ман аз дидани ин манзара аввал карахт шудам. Сеҳру афсуни мор буд ё тарс, ки чӣ кор карданамро надонистам. Мор печутобхўрон хост заргулдорро ҳам фурў барад. Ин дам ба ҳайрат омадам. Медонистам, ки ин мори безаҳр асту чўҷаи парандаю қурбоққа, малаху ҳар гуна ҳашаротро мехўрад. Охир дар ин вазъият мор ҳам мехоҳад зинда монаду заргулдор ҳам. Оҳ, қонунҳои табиат чӣ қадар сахт будаанд. Лекин дигар фурсат набуд. Якбора морро нишон гирифтам. Мор ҷонҳавлона як печутоб хўрду поён афтид. Ман аз тарс надонистам, ки ҷуссаи мор куҷо шуд. Аз таги дарахти пир хеле дур рафтам. Зеро ҳоло ҳам ҳайбати мор аз пеши чашмам дур намешуд…
Заргулдор аз марг наҷот ёфт. Ў яке болои сарам дар лаби наҳр, миёни дўлоназори ёбоӣ пайдо шуд. Акнун овози заргулдор дигар хел ба гўш мерасид. Вай дар рўзи гарми офтобӣ якбора ғамдор шуд. Хаёле дигар вай «ман дух-та-ри суфӣ» намегўяд. Балки нолааш аз ҷудоии лахти ҷигараш буд, ки дар фасли гармо ўро гум кард.
АКСҲО аз манбаъҳои боз