24 декабр Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 13.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабри соли 2021 иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 13 декабри соли 2021 ба имзо расид, хабар доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Ба рӯзномаи иҷлосияи мазкур масъалаҳои гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №8 ва №58, «Дар бораи ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2021», «Дар бораи лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2022 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2020», Дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанги шаҳри Душанбе», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаҳои 1,2,9 ва 12 қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020», «Дар бораи танзими парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар баъзе минтақаҳои шаҳри Душанбе», «Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе» ворид карда шудаанд.
Тибқи қарори дахлдор, барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то 22 декабри соли 2021 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таклифҳои мушаххас пешниҳод менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 24 декабр, соати 9:00 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ — 40 даъват карда мешавад.
Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе, шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созад.
Акс аз байгонии АМИТ «Ховар»








Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд






