4 нафар соҳибмулкон барои додани иҷозати воридшавии ноболиғон ба бозиҳои зараровари компютерӣ ҷаримабандӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 07.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Нисбат ба 4 нафар соҳибмулкони марказҳои компютерии шаҳри Душанбе, ки ба ноболиғон иҷозаи воридшавӣ ва машғул шудан ба бозиҳои зараровари компютериро додаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ба ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе.
«Гарчанде маъмурони маркази компютерии пойтахт — Одинаев Бахтиёр Алишерович, соли таваллудаш 10.08.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Амиршоев, Ҷумаев Афзалшоҳ Сайфуллоевич, соли таваллудаш 24.11.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бадахшонб, Раҳимов Хушбахтҷон Комилович, соли таваллудаш 26.04.1999, истиқоматкунандаиш шаҳри Душанбе кӯчаи Н.Қарабоев ва Мирзораҳимов Азимҷон Абдуҷалолович, соли таваллудаш 01.02.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Нодира расман огоҳонида шуда бошанд ҳам хилофи қонунгузорӣ амал намуда, ба ноболиғон иҷозаи воридшавӣ ва машғул шудан ба бозиҳои зараровари компютериро додаанд»,-афзуд манбаъ.
Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии воридшавии ноболиғон ба марказҳои бозиҳои компютерӣ ва сар задани ҳодисаҳои номатлуб ба таври ҳамешагӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва рейду амалиётҳои санҷиширо роҳандозӣ намуда, ҳамзамон ба таври расмӣ маъмурон ва соҳибмулкони интернет-кафеҳо ҷиҳати роҳ надодани ноболиғон огоҳонида шудаанд. Вале мушоҳида ва натиҷаи рейдҳои санҷишӣ нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам баъзе аз соҳибмулкони марказҳои бозиҳои компютерӣ танҳо бо мақсади ба даст овардани маблағ монеи воридшавии ноболиғон нагардида, наврасонро ба интернет-кафе роҳ медиҳанд, ки дар натиҷа онҳо вақти пурқиммати худро ба амалу кирдори ношоям сипарӣ намуда, дар дарсҳо иштирок намекунанд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Дар Хатлон оид ба пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва ҷиноятҳои ахлоқӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ тақвият медиҳанд
БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ. Рақамикунонӣ ва муҷаҳҳазгардонии кормандон бо бодикамераҳо ба нақша гирифта шудааст
Дар Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ кормандони ояндаи милитсияи тоҷик таҳсил мекунанд
Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»






