4 нафар соҳибмулкон барои додани иҷозати воридшавии ноболиғон ба бозиҳои зараровари компютерӣ ҷаримабандӣ гардиданд

Декабрь 7, 2021 09:12

ДУШАНБЕ, 07.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Нисбат ба 4 нафар соҳибмулкони марказҳои компютерии шаҳри Душанбе, ки ба ноболиғон иҷозаи воридшавӣ ва машғул шудан ба бозиҳои зараровари компютериро додаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ба  ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе.

«Гарчанде маъмурони маркази компютерии пойтахт — Одинаев Бахтиёр Алишерович, соли таваллудаш  10.08.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Амиршоев, Ҷумаев Афзалшоҳ Сайфуллоевич, соли  таваллудаш 24.11.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бадахшонб, Раҳимов Хушбахтҷон Комилович, соли  таваллудаш 26.04.1999, истиқоматкунандаиш шаҳри Душанбе кӯчаи Н.Қарабоев ва  Мирзораҳимов Азимҷон Абдуҷалолович, соли  таваллудаш 01.02.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Нодира расман огоҳонида шуда бошанд ҳам хилофи қонунгузорӣ амал намуда, ба ноболиғон иҷозаи воридшавӣ ва машғул шудан ба бозиҳои зараровари компютериро додаанд»,-афзуд манбаъ.

Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии воридшавии ноболиғон ба марказҳои бозиҳои компютерӣ ва сар задани ҳодисаҳои номатлуб ба таври ҳамешагӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва рейду амалиётҳои санҷиширо роҳандозӣ намуда, ҳамзамон ба таври расмӣ маъмурон ва соҳибмулкони интернет-кафеҳо ҷиҳати роҳ надодани ноболиғон огоҳонида шудаанд. Вале мушоҳида ва натиҷаи рейдҳои санҷишӣ нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам баъзе аз соҳибмулкони марказҳои бозиҳои компютерӣ танҳо бо мақсади ба даст овардани маблағ монеи воридшавии ноболиғон нагардида, наврасонро ба интернет-кафе роҳ медиҳанд, ки дар натиҷа  онҳо вақти пурқиммати худро ба амалу кирдори ношоям сипарӣ намуда, дар дарсҳо иштирок намекунанд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Декабрь 7, 2021 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд