Имрӯз Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 28.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 2011 дар Тоҷикистон 28 декабр Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ таҷлил мешавад. Он соли 2011 бо Фармони Президенти Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили 20-умин солгарди ташкили Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шудааст. Дар ин рӯз дар мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаҳои идоравӣ ва дигар ҳамоишҳои идона баргузор мегарданд.
Мавриди ёдоварист, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ Рӯзи кормандони мақомоти амнияти давлатӣ, ки бештар бо номи Рӯзи чекистон маъруф аст, 20 декабр ҷашн гирифта мешуд, зеро дар ҳамин рӯзи соли 1917 Комиссияи умумирусиягии фавқулода дар назди Шӯрои комиссарони халқӣ оид ба мубориза бо аксулинқилоб ва коршиканӣ таъсис ёфта буд.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ба ҷои КДА-и ҷумҳуриявӣ дар ҳайати КДА-и ҶШС мақомоти амнияти давлатии худро таъсис доданд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон ба ҷои КДА-и ҶШС Тоҷикистон бо Фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1991 Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Соли 1995 КАМ тағйири ном карда, ба Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Соли 2006 ин вазорат фаъолияташро қатъ кард ва ба ҷои он Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) таъсис дода шуд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон» Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба сохтори ҳокимияти иҷроияи ҷумҳурӣ шомил карда шудааст. Ин ниҳоди истихборотӣ ва зиддистихборотиест, ки вазифаи асосии он таъмини амнияти миллӣ ва давлатии Тоҷикистон мебошад. Ба вазифаҳои асосии КДАМ Тоҷикистон таъмини амнияти дохилӣ ва марзбонӣ, мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои муташаккил шомиланд.
Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти амнияти ҷумҳурӣ моҳи декабри соли 2017 ба кормандони мақомоти амният, фарзандони содиқи Ватан ва ҳомиёни марзу буми кишвар барои иҷрои хизматҳои шоиста изҳори миннатдорӣ намуда, аз нақши кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, таъмини амнияти миллӣ ёдовар шуданд.
Сарвари давлат аз шароити душвору печида ва мураккаби ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани амалҳои террористӣ дар аксар давлатҳои сайёра изҳори нигаронӣ намуда, таъкид карданд, ки аз ҳар хизматчии низомӣ маҳорати баланди касбӣ, ҳушёрӣ ва садоқат ба давлату миллат талаб карда мешавад.
P.S. АМИТ «Ховар» кормандони мақомоти амнияти Тоҷикистонро бо иди касбиашон табрик менамояд: «Фаъолияти шумо тақозо менамояд, ки далер, шуҷоъ, устувор, ҳушёру зирак бошед. Шумо хидмати худро софдилона ва поквиҷдонона анҷом медиҳед, амнияти давлату миллатро ҳифз мекунед. Ташаккур ба шумо! Бигзор ҳама мушкилоте, ки дар роҳи шумо пеш меоянд, ҳамеша ба осонӣ бартараф карда шаванд ва орзуманди онем, ки дар ҳаёти шахсии шумо ҳеҷ душворие эҳсос нашавад. Ба шумо саломатӣ ва хотири ҷамъ таманно дорем. Ид муборак!»
АКС: АМИТ «Ховар»








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






