АҲАМИЯТИ ОБАНБОРҲО ДАР ТАНЗИМИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Андешаи коршиноси соҳа доир ба ин мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»

Декабрь 13, 2021 08:32

ДУШАНБЕ, 13.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити кунунӣ, ки гармшавии иқлими сайёра боиси обшавии пиряхҳо гардида истодааст, таъсири об ба хоҷагии халқ зиёд эҳсос мегардад. Ба андешаи коршиносони соҳа, тақрибан 80%-и ҳудуди ҷумҳурӣ дар минтақаҳои дорои хатари сел ҷойгир шудааст. Тибқи маълумоти коршиносон, дар 15-20 соли охир шумораи селҳои офатовар аз сабаби бориши шиддатнок ва зиёдшавии рӯзҳо бо ҳарорати баланд дар фасли тобистон афзоиш ёфта истодааст, ки ин сабаби бақайдгирии хатарҳои зиёди гидрометеорологӣ мегардад.

Дар замони имрӯза он кишвар ё ҷомеае зарари камтар мебинад, ки усулҳои коҳиш ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро омӯхта, тадбирҳо андешад. Ба андешаи коршиносони соҳа, яке аз роҳҳои танзими захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим- ин сохтани обанборҳо ба ҳисоб меравад. Сохтмони обанборҳо  дар манотиқи ҳамвор метавонад ба истифодаи мақсадноки об мусоидат намояд. Аз ҷониби дигар, истифодаи обанборҳо махсусан барои неругоҳҳои барқию обӣ хеле муҳим аст.

Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба нақши обанборҳо дар танзими захираҳои об имрӯз, соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» бо иштироки  номзади илмҳои география, мудири кафедраи истифодабарии системаҳои гидроэнергетикии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Давлаталӣ  Бобиев дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.

Декабрь 13, 2021 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад